Танҳоӣ

Салом!!!

Номи ман Нисо. Ман дар Кӯлоб дар оилаи мусулмон зода шудаам. Падару модарам бо ман ба Душанбе кӯчида омаданд. Хешу табор қариб ҳама дар Кӯлоб буданд, дар ин ҷо танҳо як-ду наздикон буданд. Аз хурдӣ худро ҳамеша танҳо ҳис мекардам. Намедонам барои чӣ. Шиносҳо бисёр доштам, лекин дӯсти наздике надоштам. Дӯстони беҳтарин ба ҳар ҳол бароям падару модарам буданд. Ба онҳо ҳама вақт оиди ҳама чиз нақл мекардам ва ҳамеша кӯшиш мекардам дар ҳама коре ки мекунам, онҳо бо фарзанди худ фахр кунанд. Ва ҳамин тавр низ буд. Дар мактаб толибаи беҳтарин будам, бо баҳои аъло мехондам.

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар саросари кишвар шуда гузашт, бо худ харобиҳои зиёде ба кишвар овард. Барои ҳаёти ман низ. Корхонае ки падарам дар он кор мекард, бо омадани муҷоҳидон баста шуд ва ӯ бекор шуд. Сатҳи зиндагӣ паст шудан мегирифт ва фикри зиндагию рӯзгор сабаби он шуданд, ки падарам ба бемории дил гирифтор шуд. Се бор инсулт шуд. Қариб ӯро аз даст медодем. Модарам маҷбур шуд, ки кори каммуздашро дар боғча партояду ба кори бозор гузарад. Модарам ҳар рӯз саҳар барвақт мебаромаду бегоҳӣ гашта меомад. Барои ман надоштани ҳамсӯҳбат хеле мушкил буд. Дар зиндагиям боз бисёр воқеаҳо рӯй медоданд, аммо касе набуд, ки рози дил намоям. Падарамро барои халадор накардани саломатиаш хавотир кардан намехостам, модарам бошад бо таъмини оила саргардон буд. Мехостам дар байни одамон дӯсте пайдо кунам, аммо аз онҳо танҳо дилхунукӣ ба даст меовардам. Лекин ба ин рафти зиндагӣ тан дода будам. Бисёр серғурур будам. Баъд дӯстони наздикам китобҳо шуданд, ҳама вақт сар хам дар хона ба хондан машғул будам. Аммо ин танҳоиро пур намекард.

Дар 17-солагӣ дар ҷустуҷӯи Худо шудам ва ба намозгузорӣ оғоз намудам. Дар оилаамон ҳеҷ кас пеш намоз намехонд. Хоҳару бародарам низ бо ман ҳамроҳ шуданд. Назди халифа сабақ мегирифтам, то ки хати арабиро барои Қуръон хондан омӯзам, дар моҳи шарифи Рамазон ба таровеҳи занона мерафтам. Бисёр чизҳо дар бораи Худо мешунидам ва мехостам ӯро аз наздик шиносам.

давом

мазмун:

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.