саҳифа 2

↑ мазмун

Соли 2005-ум ҳодисае рӯй дод, ки маро тамоман аз ин дунё дилхунук кард. 24-уми сентябр рӯзи шанбе модарам аз касалии сил, ки тақрибан ду сол гирифтори он буд, вафот кард. Вақте ки маргро аз наздикӣ дидам, бисёр дар бораи ба куҷо рафтани одамон фикр мекардам. Намефаҳмидам, наход мақсади ба ин дунё омадани модарам танҳо азоб кашидан буду халос. Аз ин ҳақиқат саркашӣ мекардам, бовар кардан намехостам, ки дар ҳақиқат ин бо ман шуда бошад. Бо Худо дарунакӣ ҷанг мекардам, ки чаро чунин қисматро раво донист. То як муддате аз намоз хондан низ бозмондам. Дар донишгоҳ низ хеле танбал шуда мондам, аз хондан низ дилхунук шудам ва баҳоҳоям низ аъло набуданд. Чунон танҳо ва дилхунук будам, ки зиндагӣ бароям маъно надошт ва оиди худкушӣ низ фикр мекардам. Ва агар бо дӯстони масеҳӣ дар вақташ вонамехӯрдам, шояд ин кор аз дастам меомад.


Вақте ки дар донишгоҳ таҳсил мекардам, бо масеҳиён вохӯрдам ва ба лагери масеҳӣ даъват шуда будам. Дар он ҷо дигар донишҷӯён низ зиёд буданд. Барои ман тааҷҷубовараш он буд, ки дар байни масеҳиён тоҷикон низ зиёд буданд. Фикр мекардам: одамон акнун бекор мондаанд, ки дини аҷдодони худро партофта ба дигар дин мегузаранд. Дар назарам ин бемаъно менамуд. Лекин аз байни онҳо якчанд дӯстон пайдо намудам, ки ба ман дар бораи Масеҳ шаҳодат медоданд. Бо оилаҳои масеҳӣ вохӯрдам, ки онҳо аз оилаи мо куллан фарқ мекарданд. Асоси муносибатҳои онҳо муҳаббати Худо буд. Рафторашон ба он чӣ бовар мекарданд, мувофиқат мекард. Ва онҳо боиси он шуданд, ки Навиштаи Покро ба даст овардам.


Тақрибан ду сол ба гурӯҳи омӯзиши Каломи Худо (Тавроту Инҷил) мерафтам ва бо Шахсияти Исои Масеҳ аз наздик шинос шудам. Бо дӯстоне ки дар давоми омӯзиш пайдо карда будам, ҳамеша барои якдигар дуо мегуфтем, махсусан барои ҳолати рӯҳонии ман низ. Ин дарсҳо маро рӯҳбаланд мекарданд. Дар донишгоҳ низ омӯзишам беҳтар шудан гирифт ва, шукри Худо, онро бо дипломи аъло хатм намудам. Барои ман ду сол лозим омад, то он ҳақиқатро дарк намоям, ки Масеҳ на барои он ба замин омадааст, то моро аз як дин ба дини дигар дароварад, балки онҳоеро, ки мӯҳтоҷи наҷотанд, наҷот диҳад, барои онҳое ки мӯҳтоҷи бахшоиши Худованд ҳастанд, марҳамат кунад, то касоне ки мисли ман мӯҳтоҷи дилбардорианд ва шикастарӯҳанд, оромӣ ёбанд. Ман шахсан эътироф мекунам, ки гуноҳкорам ва мӯҳтоҷи наҷоти Худо ҳастам, ва Ӯ Писарашро ба ин ҷаҳон фиристод, то ба одамон наҷот бахшад. Ҳоло бошад дар оромию муҳаббати Ӯ хурсандии ман ҳадду канор надорад.

Schreiben Sie einen Kommentar

Ihre E-Mail-Adresse wird nicht veröffentlicht. Erforderliche Felder sind mit * markiert.

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.