Menu Schließen
Мактаби »Аммоус«
Баррасиро чоп кардан
Кирсҳои Аммоусро кушодан

Бисёр одамон дар бораи Навиштаҳои Таврот, Забур ва Инҷил тасаввуроти кам доранд. Ин одамон аз мазмуни асосии онҳо бехабаранд. Аммо дарёфти мазмуни ин Навиштаҳо чандон кори осон нест. Мактаби ғоибонаи “Аммоус” барои он муқаррар шудааст, ки омӯзиши Навиштаи Покро барои хоҳишмандон осон намояд. Мақсади курсҳои Аммоус ба хонандагон равшан кардани ҳақиқатҳои душворфаҳми Навиштаҳост ва ҳақиқати бузургтарини онҳо шинохтани Худованд аст. Худи “Аммоус” номи деҳаест, ки дар Инҷил дар алоқамандӣ бо фаҳмидани Навишта зикр мешавад. Ду нафаре ки ба ин деҳа равона буданд, ҳангоми роҳ бо Исои Масеҳ вохӯрданд, аммо Ӯро нашинохтанд. Онҳо бо Ӯ дар бораи ҳодисаҳои дар Ерусалим рӯйдода, яъне қатли Исо, сӯҳбат карданд. Сипас Исо онҳоро барои нодониашон сарзаниш намуда, ҳақиқатҳои дар Навиштаҳо бударо ба онҳо ошкор намуд: “Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.“ (Инҷил, Луқо 24:27) Инчунин мақсади мактаби инҷилии Аммоус ба шумо дар омӯзиши васеъ ва чукуртари “тамоми Навиштаҳо“ ёрӣ расондан аст. Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ин навъ омӯзиши Навиштаи Пок дар соли 1993 оғоз шуд, вақте ба Украина адабиётҳои курсҳои “Аммоус” оварда шуданд. Аз соли 1995 сар карда ин курсҳо аввал ба забони русӣ ва баъдтар ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон низ гузаронида мешаванд. Давраи омӯзиш 15 курсро ба забони тоҷикӣ ё 24 курсро ба забони русӣ дар бар мегирад. Дар мактаби ғоибонаи инҷилии Аммоус ҳангоми хатми ҳар курс шаҳодатнома бо баҳои мувофиқ супорида мешавад. Баъди 12 курс диплом дода мешавад. Робита миёни донишҷӯён ва дастурдиҳанда ба воситаи алоқаи хаттӣ ё дар маҳфилҳо амалӣ мегардад. Мактаб дар шинохтани Худо ва фармудаҳои Ӯ ёрдами калон дода метавонад. Масалан, дар курсҳои “Як Худо ва як роҳ”, “Одамони бо Худованд вохӯрда” ва “Хизматгори Худо” оиди шахсияти Исои Масеҳ сухан рафта, дар он нақл мешавад, ки сӯи Худо танҳо як роҳ мебарад, ки ба воситаи Исои Масеҳ аст. Курси “Оиладорӣ дар нақшаи Худо”, ба пойдор мондани оилаҳо мусоидат намуда, муносибатро ба Худо, мардум ва оила дигаргун месозанд. Курсҳо барномаи омӯзиши шахсӣ мебошанд. Мавод ба воситаи дарсҳои интихобшуда омӯхта мешавад, ба воситаи иҷрои санҷишҳо – такрор мешавад, ва фаҳмиши воқеии ҳақиқатҳои инҷилиро медиҳад. Ҷиҳати ҷалбкунандаи курсҳо шавқовар будани онҳост. Худи донишҷӯ қарор медиҳад, ки кай барои омӯхтан вақт ҷудо намояд, валекин аз донишҷӯ муташаккилӣ ва интизом талаб мешавад. Хуб мебуд, агар донишҷӯ дар байни омӯзиш танаффусҳои калон намекард.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ

Click to accept cookies and enable this content
Scroll Up