Menu Schließen
Исо дар салиб…

… қуллаи муҳаббати Худо

 

«Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро, ва он ҷинояткоронро – яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш – маслуб карданд.

Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд, чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд.

Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад».

Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ». Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд : «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».

Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ».

Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст».

Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!»

Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».

Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт: офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.

Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт : «Эй падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.

Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд, ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам одил буд».

Инҷил, Луқо 23:33-47

 

Не, ин шикасти беқувватӣ набуд, балки нақшаи аҷоиби наҷот, ки Худо кашидааст. На мағлубияти оҷизона, балки пирӯзии бошукӯҳ.

 

Исо назди мо ҳамчун Наҷоткор омад, то ки моро аз ҳалокати даҳшатнок ва дузах халос кунад. Марги Ӯ дар салиб сазо барои гуноҳҳо ва ҷиноятҳои мо буд, ки моро аз доварии Худо раҳо намуд.

 

Ғазаби поки Худо ба сари Исо, ки гуноҳҳои моро ба Худ гирифт, рехт. Ҳамаи мо қонунҳои Худоро вайрон кардаем. Ҳама, бе истисно!

 

Аммо ба ҷои мо дар салиб қурбонӣ шудани Исо ба мо осоиштагӣ бо Худо бахшид; ва агар ҳар гуна одам ҳақиқатан тавба кунад, хуни рехташудаи Исо вайро аз айб ва гуноҳ тоза мекунад.

 

«Иҷро шуд!» – бошукӯҳтарин нидои пирӯзист!

бештар

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up