Menu Schließen
Исо аз мурдагон бархост!

Ӯ ғолиби гуноҳ, марг ва шайтон аст.

 

«Дар рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд; вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст, ва чун дохил шуданд, ҷасади Исои Худовандро наёфтанд.

Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.

Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед? Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳё шуд; ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда, гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳё шавад».

Инҷил, Луқо 24:1-7.

 

«Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод». Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд; лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад? Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».

Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод. Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?» Пеши Ӯ як порча моҳии бирён ва андаке асали мумдор монданд; ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. Ва ба онҳо гуфт:

«Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман Навишта шудааст, бояд ба амал ояд».

Инҷил, Луқо 24:36-44.

 

Не, Исо дар қабр намонд.

Дар рӯзи сеюм Ӯ аз мурдагон бархост.

Ӯ имрӯз низ зинда аст!

Ва азбаски Ӯ зинда аст, ҳар ки ба Исои Масеҳ бовар мекунад, ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оварда метавонад.

 

Мо ба василаи бовари худ ба Худованд Исои Масеҳ ба растохези пирӯзи Ӯ ҳамроҳ мешавем. Қувваи растохези Масеҳ барои мо ба номи Исои Масеҳ кафолати ғалаба бар гуноҳ, марг ва шайтон аст.

 

Асосгузорони динҳои дигар чӣ? Охир, онҳо низ одамони зиёдро аз ақиби худ кашидаанд. Аммо имрӯз онҳо дар куҷоянд? Мурданд, мисли ҳама одамони оддӣ. Онҳо мирандаҳои оддӣ буданд, ки ҳаёташон бо нафаси охирин ба охир расид.

Аммо Исо зинда аст! Ӯ дар бораи Худаш чунин мегӯяд:

«…Манам Аввалин ва Охирин ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам» (Инҷил, Ваҳй 1:17-18).

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up