Menu Schließen
Тафсири Навиштаҳои Пок барои
масеҳиён – Паймони Навин

Муаллиф: Вилям Макдоналд

Матни асл: BBC – Believer’s Bible Commentary – New Testament

© 1989 by William MacDonald

Нашри тоҷикӣ барои интернет: с. 2009, ш. Душанбе

Bарои хондан ва ё download дар саҳифаи аввал зери “китоб (download)” “Тафсири Инҷил”-ро зер кунед.

Аз пешгуфтори муаллиф:

Мақсади китоби “Тафсири Навиштаҳои Пок барои масеҳиён” — ба масеҳии оддӣ дар сар кардани омӯзиши ҷиддии Каломи Худо ёрӣ додан аст. Аммо бояд дар ёд дошт, ки ҳеҷ як китоби тафсир наметавонад Навиштаҳои Покро иваз кунад. …

Ман боварӣ дорам, ки ба шарофати омӯзиши бонизоми Навиштаҳо ҳар як масеҳӣ “коркуне [мегардад] ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад” (2Тим. 2:15). …

Навиштаи Покро донистан кофӣ нест. Суханро дар амалияи ҳаёт истифода бурдан лозим аст. Бинобар ин тафсир мекӯшад машварат диҳад, ки чӣ гуна Навиштаи Пок метавонад дар ҳаёти марди Худо амалӣ гардад. …

Бигзор Рӯҳи Пок, ки нависандагони Навиштаҳои Покро фаро мегирифт, роҳи хонандаро сӯи мақсади мӯъҷизаосо — дарки Худо ба воситаи Сухани Ӯ — равшан намояд.

Тафсир чист?

Тафсир тавзеҳ медиҳад ва ё қайдҳое мекунад, ки барои фаҳмидани матн (умедворем) ёрӣ медиҳанд — оят ба оят ё банд ба банд. … Тафсир беҳтарин эзоҳоти матни Навиштаҳои Покро дар шакли хаттӣ пешкаш карда, оят ба оят меомӯзад ва Сухани Худоро мавъиза мекунад.

Мундариҷа/ руҷӯъҳои таълимотӣ

Ба ғайр аз тавзеҳи оят ба ояти Навишта ин тафсир дар руҷӯъҳо ба мавзӯъҳои муҳими таълимотии Навишта муроҷиат мекунад. Барои ёфтани ин руҷӯъҳо “Мундариҷа“-ро кушоед.

Bарои хондан ва ё download дар саҳифаи аввал зери “китоб (download)” “Тафсири Инҷил”-ро зер кунед.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ

Scroll Up