Menu Schließen
Даъватнома

Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисёр касонро даъват намуд; чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: «Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст.»

Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: «Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ».Дигаре гуфт: «Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ». Сеюм гуфт: «Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям».

Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: «Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр». Ва ғулом гуфт: «Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст.» Ва оғо ба ғулом гуфт: «Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад; зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид; зеро ки даъватшудагон бисёранд, аммо баргузидагон каманд.»

 

Дар ин масал дороӣ (замин), кор (барзагов) ва одамони дигар (зан) ба онҳо монеъ шудаанд, ки дар базм иштирок кунанд. ИсоиМасеҳ дарҳикояи мазкури Инҷил Худоро ба мизбоне монанд мекунад.

Оё Шумо медонед, ки Худо Шуморо низ ба тӯй даъват карда истодааст? Худо шахсан Шуморо, хонандаи мӯҳтарам, ба халосӣ аз ғам ва шодии фаровон даъват менамояд.

Худо Шуморо дӯст медорад ва намехоҳад, ки Шумо ҳалок шавед.Исои Масеҳ дар Инҷил мегӯяд:

 

Назди ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид.

 

Аз даъвати ӯ рӯй нагардонед!

 

 

Чӣ бояд кард?

Scroll Up