Menu Schließen
Муҳаббати Худо

Муҳаббати илоҳӣ на ҳиссиёт, балки қарори ирода аст. Муҳаббати Худо ато кардан аст:

 

“Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем”

(Инҷил, 1Номаи Юҳанно 4:9).

 

Муҳаббати Худо дар амал исбот шудааст:

 

“Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд”

(Инҷил, Нома ба Румиён 5:8).

 

Муҳаббати Худо фидокорона аст:

 

“Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад”

(Инҷил, Юҳанно 3:16).

 

Муҳаббати Худо вафодорона аст:

 

“Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад”

(Инҷил, 1 нома ба Тимотиюс 2:13).

 

Муҳаббати Худо бешарт аст. Ӯ аз аввал дӯст медорад:

 

“Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод”

(Инҷил, 1Номаи Юҳанно 4:10).

 

Агар мо муҳаббати Худоро фаҳмида, онро дар дили худ ҷой диҳем, нисбати одамон низ дар зиндагӣ муҳаббати ҳақиқӣ дошта метавонем. Муҳаббати Худо муҳаббати худпарастона ва гузарандаи моро ба муҳаббати фидокорона ва доимӣ табдил дода метавонад:

 

“Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем” (Инҷил, 1 Номаи Юҳанно 4:11).

исботи муҳаббати Худо…

Scroll Up