Menu Schließen
Оё ба Навиштаҳо
бовар кардан мешавад?

Навиштаҳо (Китоби Муқаддас), яъне навиштаҳои Тавроту Забуру Инҷил, ки асоси бовари масеҳиён мебошад, – Сухани Худост, ки ба василаи одамони илҳоми Илоҳӣ гирифта навишта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки одамон Навиштаҳоро таҳти роҳбарии Худо навиштаанд. Оятҳои зерини Инҷил таҳти илҳоми Худованд будани нависандаҳоро тасдиқ мекунанд:

“Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо бо таҳрики Рӯҳулқудс онро ба забон рондаанд” (2Пет. 1:21).

“Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои маззамат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, токи марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад” (2Тим. 3:16-17).

Ин китоб хиради Худо, ҳолати одамизод, роҳи наҷот, доварӣ бар гуноҳкорон ва хурсандии боваркардагонро дар бар мегирад. Таълимоти он бо покии худ фарқ мекунад, қонунҳояш – раднашаванда, ҳикоёти таърихиаш ҳақиқӣ, муқаррароташ – тағйирнопазиранд.

Онро бихонед, то ин ки хирад пайдо кунед. Ба он бовар кунед, то ин ки наҷот ёбед. Ин китоб рӯшноиро барои роҳнамоӣ, ғизоро барои қувватмандӣ, тасаллоро барои рӯҳбаланд намудани шумо дорад.

Он барои манфиати мо пешбинӣ шудааст. Мақсади хотимавии он васфи ҷалоли Худованд мебошад. Онро бомулоҳиза ва бодиққат хонед. Дар ҳар гуна ҳолат ҳамеша бо дуо хондани он шурӯъ намоед ва ҷавоб хоҳед ёфт. Ин Китоби китобҳост, ки дар он Худо ба одамизод иродаи Худро баён намудааст.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ

Click to accept cookies and enable this content
Scroll Up