Menu Schließen
Дар ҷустуҷӯи мардон барои сафари хатарнок!

Mаоши кам. Хунукии сахт. Моҳҳои зиёди торикии том. Бозгашти номаълум. Дар мавриди комёбӣ шӯҳрат ёфтан мумкин аст». Эрнест Шакелтон, олими машҳур, тадқиқотчии Антартика, дар рӯзномаи лондонӣ чунин эълон ба чоп дод. Зиёд аз 600 мард ба он ҷавоб доданд.

Фармонбардори ҳарбӣ мӯҳтоҷи сарбозони устуворест, ки дарҳол беҳуш наафтанд. Гарибалдӣ (шӯришгари таърихӣ) дар Рум пеши халқ истода, гуфта буд: « Ман ба шумо на маошро ваъда медиҳам, на хӯрокро. Ман танҳо ин чизҳоро пешкаш карда метавонам: гуруснагӣ, ташнагӣ, маршҳои бузург, ҳарбу зарб ва марг. Ононе ки ватанро на танҳо дар сухан, балки аз самимии дили худ дӯст медоранд, маро пайравӣ кунанд». Оё мо ҷуръат дорем, ки ба Худованд Исои Масеҳ аз ин камтар бидиҳем?

Мо навозандагонро ҳангоми консерташон тамошо карда аз намоиши бехатояшон ҳаловат мебарем. Онҳо чунон менавозанд мекунанд ё мехонанд, ки санъаткорияшон ба мо осон менамояд. Осон? Мо солҳои машқҳои боинтизомро, ки барои комёбияшон даркор буданд, намебинем. Касе аз фортепианонавози машҳур сирри муваффақияташро фаҳмидан хост. Ҷавобаш ҳамин буд: «Ман ангуштҳоямро то ба намоён шудани устухон сайкал дода, машқ мекунам». Барои чӣ? Барои устои машҳур шудан. Ҷон Одабен олими табиатшинос ва санъаткор буд. Шаб пайи шаб ӯ ба назди ботлоқҳо мерафт, то ки одатҳои баъзе паррандагони шабнавозро таҳқиқ кунад. Баъди чандин соат дар торикӣ ва намнокӣ ӯ ҳар фаҳмиши навро оиди ягон парранда мукофот мешуморид. Тобистоне ӯ ба назди ботлоқҳои Ниу Орлинс рафт, то як паррандаи обиро мушоҳида кунад. Мушоҳида аз он иборат буд, ки ӯ соатҳо то гулӯяш дар оби лой меистод. Ва ин дар сурате ки морҳои калон аз назди рӯяш мегузаштанду тимсоҳҳои калон (аллигатор) дар пешаш ин тараф – он тараф шино мекарданд! «Форам набуд, – бо рӯйи аз ҳаяҷон дурахшон қоил шуд ӯ, – вале барои ман фарқ надорад. Аз ҳама муҳим он аст, ки ман паррандаро сурат гирифта тавонистам». Ӯ танҳо барои як сурат чунон заҳмат мекашид.

Ин ақидаҳо ононеро, ки Исои Масеҳро пайравӣ мекунанд, бояд водор созанд. Мо сарвари беҳтарине, ки ӯро пайравӣ кардан мумкин аст, дорем. Хабаре ки мо барои ин дунё дорем, аз ҳама аҷоибу бузург аст. Ва мақсаде, ки мо барои он зиндагӣ мекунем ва мемурем, аз ҳама олист.

Ба хотир овар, ки Худои одамшуда барои ту чӣ кор кардааст:

Ӯ чун ҷонишини ману ту дар салиб мурд
Ӯ бо қурбонии худ туро аз гуноҳ озод кард
Худо Падар гуноҳҳоямонро ба Писари илоҳии худ монд ва Ӯ ҷазо дид
Ӯ хунашро резонд, то моро аз бозори ғуломии гуноҳ фидя дода, халос кунад
Худо чун одам дар салиб барои мо мурд, то ки мо ҳамеша бо Ӯ дар биҳишт буда тавонем.

Марги Офаридгори мо дар кӯҳи Ҷолҷолто бемисол аст. Ҳеҷ вақт воқеаи ба ин монанд рӯй дода набуд ва такрор нахоҳад шуд. Мо ҳеҷ гоҳ розигии Ӯро, ки Ӯ барои офаридаҳои гуноҳолуд мурд, пай бурда наметавонем. Ин фикр чунин ҷасурона аст, ки одам онро ихтироъ карда наметавонист, ва чунон тарсовар аст, ки майнаи одамӣ онро дарнамеёбад. Ин меҳри бемонанд, файзи беандоза ва қурбониест, ки ҳадро намешинохт.

Дар сурате ки бисёр мардону занон танҳо барои ном, обрӯ, фоидаи моддӣ, комёбӣ ва ватани худ ҷон мекоҳонанд, мо бояд аз ин ҳам розӣ бошем, ки ба Ӯ ҳама чизро бидиҳем. Танбалии рӯҳонӣ сабабгори бечорагии рӯҳонист.

(Мақола қисман аз китоби Вилям Макдоналд “Дили ман, ҳаёти ман, вуҷуди ман” гирифта шудааст.)

Ассалом!



Афсус як хатои техникӣ рӯӣ дод – мо ин саҳифаро боз тайёр мекунем!

Powered by WordPress Popup

Scroll Up