Menu Schließen
Эҳтиёт, гуноҳ!

Фаҳмидани гуноҳи худ қадами аввалин ба сӯи Худо аст.

Оё мехоҳед, ки ба Худо наздик бошед? Биёед, бубинед, ки дар Навиштаҳои Таврот ва Инҷил оиди гуноҳи одам ва фикри Худо нисбати он чӣ гуфта шудааст! Дар Инҷил чунин гуфта мешавад:

«Касе росткор нест, як нафар ҳам нест; ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест».

 

Чӣ суханони қатъӣ. Барои фаҳмидани онон мо бояд аз ҳаёти одамони аввалин Одам ва Ҳавво бохабар бошем. Шояд шумо шунида бошед, ки Худо дар аввал Ҳазрати Одам ва Бибӣ Ҳавворо пок, бегуноҳ офарид ва онҳоро дар боғи Адан, дар биҳишт ҷойгир намуд. Барои чӣ Худои тавоно, ки ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нест, одамро офарид? Чӣ тавре ки навишта шудааст: «Худо муҳаббат аст».

Маҳз барои ҳамин Худо одамонро офарид то бо онҳо муносибати меҳрубонона дошта бошад. Аммо чуноне ки халқ мегӯяд: «Қарсак аз ду даст садо медиҳад». Одам иродаи озод дошт, чунки Худо вайро ба сурати Худ офарида буд. Вай метавонист Худоро ҳамчун Офаридгор ва Парвардигори худ ҳурмат намуда ба Ӯ итоат кунад ё саркашӣ намуда бо роҳи худ равад.

Бинобар ин Худо дар миёни биҳишт дарахти ҳаёт ва дарахти дониши неку бадро рӯёнда ба Одам фармуд:

«Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти дониши неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».

Инак Одаму Ҳавво интихоб доштанд. Оиди Худо навишта шудааст, ки

«Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад».

Худо ҳамеша вафодор аст! Ӯ дигаргун намешавад. Аммо одам имконият дошт, ки ба ҷои фармони Худо хоҳиши худро ба ҷо оварда, нисбати Ӯ бевафоӣ намояд. Ва чунин ҳам кард, рӯзе Ҳавво ва сипас Одам ба дурӯғи шайтон бовар карда, аз меваи дарахти манъшуда хӯрданд. Ин кирдори онҳо нобоварӣ ва беитоатӣ ба Офаридгори худ буд. Хуллас дар вуҷуди рӯҳу ҷони одам гуноҳ таваллуд шуд ва ба муносибатҳои меҳрубонона хотима гузошт. Одам ва Ҳавво рӯҳан мурданд, чунки аз Худо, ки Рӯҳи Ҳаёт аст, канда шуданд. Дар чунин ҳолат онҳо ба дунё фарзандон таваллуд карданд. Мо медонем, ки Худои Пок инсони пок офарид, аммо одами гуноҳолудшуда аз худ чӣ гуна одам таваллуд карда метавонист? Себ аз дарахташ дур намеафтад.

Аз ин мебарояд, ки ман гуноҳолуд ҳастам, падару модари ман, бародарону хоҳаронам, дӯстонам – ҳама. Мо гуноҳолуд таваллуд мешавем ва гуноҳ дар миёни мо ва Худо ҳамчун масъалаи ҳалнашуда истода ба барқарор намудани мунисибатҳои меҳрубонона монеъ мешавад. Чӣ бояд кард?

Ҳалли ин масъала чандон осон нест. Зеро Худо дар Сухани Худ оиди ҳалли масъалаи гуноҳ чунин гуфтааст:

«Музди гуноҳ марг аст».

Худо аз гапи Худ намегардад. Пас чӣ бояд кард? Магар мо то дами охирин бояд интизори марг бошем ва ҷовидона аз Рӯҳи Ҳаёт маҳрум шавем? Ё роҳе мавҷуд аст, ки моро аз гуноҳ озод намояд? Ҳамду сано ба Парвардигори Ҷонофарин! Хушбахтона, Ӯ барои мо чунин роҳро омода кардааст.

Агар оиди ин роҳ донистан хоҳед…

 

Муҳаббати Худо

Исои Масеҳ кист?

Чӣ бояд кард?

Scroll Up