Menu Schließen
Иброҳим, дӯсти Худо

Дар Таврот мо дар бораи Ҳазрати Иброҳим чунин мехонем:

”Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд”. (Ҳастӣ 15:6)

Худо Иброҳимро ба хотири бовараш росткор мешуморад. – Боварe ки касро дар пеши Худо сафед мекунад? Ҳазрати Иброҳим чӣ гуна бовар дошт? Ӯ ба чӣ ё кӣ бовар кард? Биёед, баъзе воқеаҳоро аз зиндагии Иброҳим аз назар гузаронем:

Рӯзе шуд, ки Худо ба Иброҳим чунин фармуд:

”Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав. Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам…” (Ҳастӣ 12:1,2)

Оё ҳамаро тарк карда, ба ҷои ношинос рафтанд? Иброҳим бо бовар ба фармон ва ваъдаи Худо кӯч кард!

Дар ин ҷо мо мебинем: Бовар дар амал намоён мешавад. Иброҳим дар ҷое ки дар сафараш расида буд, қурбонгоҳе сохт ”ва исми Худовандро хонд”. (Ҳастӣ 12:8)

Иброҳим бо Худо муносибати самимона дошт, вай мӯҳтоҷи сӯҳбат бо Худо буд.

Баъди чанд сол Иброҳим дар интизори иҷрои ваъдаи Худо беумед шуд, чунки пир шуда писар надошт. Пас чӣ гуна халқи бузурге пайдо шавад?

Худо аз нав ба Иброҳим сухан ронд: ”Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ. … Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд”. (Ҳастӣ 15:5)

Ҷавоби Иброҳим чӣ буд? Оё вай хандид ё бовар накард? Дар Навишта гуфта шудааст:

”Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд”. (Ҳастӣ 15:6)

Аз ин мо мефаҳмем, ки одаме аз худ одил ё беайб шуда наметавонад. Худо одамеро, ки ба Ӯ бовар мекунад, сафед мекунад, яъне гуноҳҳояшро меомурзад.

Худо ваъдаи Худро, ки ба Иброҳим дод, иҷро кард: писаре таваллуд шуд. Бо умед Иброҳиму Соро фарзандашонро калон мекарданд. Лекин бовари Иброҳим боз санҷида шуд.

Худо ба вай фармуд, ки писарашро қурбонӣ кунад. Оё ин даҳшатнок нест? Иброҳим фаҳмид, ки бояд ба Худои тавоно итоат кунад. Лекин он гоҳ ваъдаи насли оянда чӣ хел ба амал меомад?

Танҳо як ҷавоб буд, ҷавоб аз рӯи бовар: Оё Худои Зӯрофарин наметавонад ҳамчунин каси мурдаро аз нав зинда кунад? Бовар нигоҳ кардан ба бузургии Худост – барои Ӯ ҳеҷ чиз ғайриимкон нест! – Бо ин фикр Иброҳим писарашро гирифт, баста ба қурбонгоҳ гузошт ва кордро бардошт, то сарашро бурад. Лекин овози Худо Иброҳимро нигоҳ дошт:

”Дасти худро ба писарат дароз накун, зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари туро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ”. (Ҳастӣ 22:12)

Баъд аз ин санҷиш Худо боз ба Иброҳим баракати калоне ваъда кард. Ҳатто гуфта мешавад, ки ҳама халқҳо дар бовари Иброҳим баракат хоҳанд ёфт! Иброҳим ба хотири бовар ва муносибати самимонааш бо Худо ”Дӯсти Худо” номида мешавад.

Оё Шумо ҳам мехоҳед ”дӯсти Худо” бошед? Бо бовар сӯи Ӯ биёед!

Пас баракати Иброҳим чӣ хел ба ҳама халқҳо расид? Биёед, аз Инҷил хонем:

”Иброҳим ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд, ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст. Аз ҳамин сабаб барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд. …

Барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он, ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳё кард, ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳё гардид.” (Инҷил, Нома ба Румиён 4:20-25)

Мо дар бовар ба Исои Масеҳ, ки барои гуноҳҳои мо мурд ва аз нав зинда шуд, баракати Иброҳимро меёбем!

Маълумоти бештар дар бораи…

Исои Масеҳ

Чӣ бояд кард?

Scroll Up