Menu Schließen
Таърихи масеҳият дар Осиёи Миёна

Масеҳият ба Осиёи Миёна аллакай дар асрҳои II-III милодӣ дохил мешавад. Абурайҳони Берунӣ хабар медиҳад, ки тақрибан баъди 200 соли вафот ва растохези Исои Масеҳ онро рӯҳоние ба Марв овардааст.

 Дар таърихи аҳкоми динии Осиёи Миёна ва идеологияи аҳолии он давраи то паҳншавии ислом бозёфтҳои бостоншиносӣ ҳуҷҷату далели басо муҳим ба ҳисоб мераванд. Чунони ёдгории Панҷакент, ки аз ҷониби археологҳо ҳафриёт кушода шудааст, дар таърихи археологияи Осиёи Миёна аввалин намунаи меъмории парастишоти то араб аст, ки муқаррароти он ҳеҷ гуна шубҳаро ба миён намеоварад.

 Дар ин давра дар Осиёи Миёна дар радифи зардуштия, буддоия ва монавия дар пантеони эътиқодоти динӣ “худоҳои” маҳаллии ҳиндӣ, юнонӣ, румӣ шомил буданд. Боз парастиши об, замин, офтоб, ҳайвоноти муқаддас, инчунин як қатор худоҳо, ки ба пантеони зардуштия шомил набуданд, васеъ паҳн гардида буд.

Вале дар Осиёи Миёна мавқеи мустаҳкамтарро дини масеҳӣ дошт, ки маркази асосии он дар ҳавзаи Марв буд, ки дар он ҷо шумораи зиёди пайравон дошт ва он ҷо теъдоди калисоҳо, ки дар ғарб машҳур буданд, зиёдтар буд.

Дар густариши дини масеҳӣ дар кишварҳои Шарқ, аз он ҷумла дар Осиёи Миёна, чунон ки олими рус В. В. Бартолд зикр кардааст, ду ҳолат аҳамияти ҳалкунанда дошт, самти роҳҳои бозоргонӣ ва он таъқиботе ки мазҳабҳои алоҳидаи динӣ дар давлатҳои масеҳӣ (Византия) дучор шуда буданд.

Масъалаи густариши дини масеҳӣ дар Осиёи Миёнаи тоисломӣ аз ҷониби бисёр муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ тадқиқ шудааст. Аз ҷумла, Б. Ғ. Ғафуров дар асари бунёдии худ оид ба таърихи халқи тоҷик масъалаи мавҷудият ва амали динҳои гуногун, аз ҷумла дини масеҳиро дар Осиёи Миёна муфассал таҳлил намуда, зикр кардааст,

“Ниҳоят боз як дини дигар, дини масеҳӣ, аниқтараш, тариқаи нестории ин дин хеле паҳн шуда буд”. Дар ҷои дигари ин асари бузург омадааст: “Мувофиқи баъзе ривоятҳо, масеҳият хеле паҳн шуда будааст. Дар ибтидои асри VI дар Самарқанд ускуфи масеҳии равияии несторӣ менишаст. Дар асри VIII бошад, ҷои ӯро митрополит гирифт.”

зкитоби Азтаърихипайдоиш ва паҳншавии масеҳият дар Осиёи Миёна”-и таърихшиносон Д. Шариф ва Х. Аъзамов.)

Scroll Up