Menu Schließen
Равшанӣ омад!

Шеъри зерин ба муносибати иди дарпешистодаи Мавлуди Масеҳ (Иди Милод) ба мо фиристода шуд:

Равшанӣ омад!

Равшанӣ бар мо омад!

Масеҳ аз осмон омад.

Раҳонанда фуромад,

Хушхабар ба гӯш омад.

 

 

 

Равшанӣ ба ман омад!

Гуноҳ аз дил баромад,

Чун Наҷоткор даромад.

Шодӣ дар миён омад.

 

 

 

Равшанӣ пешам омад!

Нури Худованд омад.

Ҳаёти наве омад.

Роҳи рост ба чашм омад.

 

 

 

Равшанӣ пасам омад!

Пеш ҷон ба танг меомад.

Ҳол рӯҳам ба ваҷд омад,

Омурзиш падид омад.

 

 

 

Равшанӣ гирдам омад!

Файзи Раб ба кор омад.

Нураш низ ба Ту омад,

Пазираш бо хушомад.

Башорат, ш. Душанбе

 

Шумо низ метавонед шеърҳои худро ба мо фиристед. Шеърҳои зеботаринро мо ба хонандагони ин сайт пешкаш мекунем.

Марҳамат карда, барои навиштани шеъри худ ба марҷаи “мактуби хонандаро нависед” (дар поён) дароед!

Иди милод чист?

Scroll Up