Menu Schließen
Оё шахси таърихӣ будани
Исои Носирӣ исбот шудааст?

Дар соли 90-уми милодӣ таърихшиноси яҳудӣ Юсуф Флавиюс дар солномаи худ «Осори куҳан» (ХХVIII 3,3) оиди Исо ҳамчун шахси таърихӣ чунин менависад:

«Дар ин вақт Исо, Одами бағоят хирадманд зиндагӣ мекард, агар умуман Ӯро одам номидан мумкин бошад. Ӯ мӯъҷизаҳои ақлнорас мекард ва муаллими онҳое буд, ки таълими Ӯро бо майли том қабул мекарданд. Ӯ яҳудиён ва ғайрияҳудиёни бисёрро ба худ ҷалб кард.

Дар асоси айбдоркунии пирони мо Пилотус ба Ӯ ҳукми қатл баровард – дар салиб мехкӯб карда шавад. Шогирдонаш ба Ӯ вафодор монданд, чунки Ӯ баъд аз се рӯз назди онҳо зинда ҳозир шуд, чуноне ки ин ва ҳазорон аломатҳои аҷоиби дигари Ӯро пайғамбарони Худо ба мо қаблан хабар дода буданд».

Боз бисёр сарчашмаҳои ғайринавиштаҷотӣ вуҷуд доранд, ки инчунин таърихӣ будани зиндагии Исоро исбот мекунанд. Тасит – таърихшиноси румӣ, аз ҷумлаи онҳост; Сайто – амалдори давлатии қайсар Адриан, Плинийи Хурдӣ – ҳокими румӣ дар вилояти Вифиния ва Понт (Осиёи Хурд).

Наполеон, ки бо ҷангҳояш ними Аврупоро ба тарсу даҳшат оварда буд, дар охири умраш чунин навишта буд:

«Бо ҳамаи лашкарҳо ва генаралҳоям ба ман муяссар нашуд, ки ҳатто як минтақаро ақаллан дар давоми чоряки аср ба худ мутеъ созам. Аммо ин Исо бе яроқу аслиҳа, бе ягон ҷабру зӯрӣ дар давоми ҳазорсолаҳо халқҳо ва маданиятҳоро ба худ тобеъ мекунад».

… Аммо онҳо то ҳол менависанд!

Дар рӯзнома ва маҷаллаҳои зиёд то ҳол ба калисо, ба масеҳият ва ба худи бовар ба Исои Масеҳ фишор оварданро давом медиҳанд.

Тамоми масеҳият ҳамчун дини ғарбӣ бадном мешавад. Ҳамчун натиҷаи фикрҳои «ғайриилмӣ» бадном мешавад. Ҳамчун «афсона».

Мутаассифона, ба ҷои розӣ шудан бо ҳолати воқеии чизҳо дар баҳс далелҳои суст, шубҳанок ва исботнашуда истифода мешаванд. Пинҳон доштани ҳақиқатро афзал медонанд. Аммо дар натиҷаи чунин интеллектуализми беинсофона оё худи мухолифони масеҳият дар «офсайд» намемонанд?

Дар замони ҳозира ҳақиқат чунин аст: «Фикр танҳо дар ҳолате радшуда ҳисоб мешавад, ки далели мухолиф дошта бошад». Аммо чунин далел то имрӯз ёфт нашудааст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳар навъ тахминҳои беасос ва дурӯғҳо бар ҳақиқати Навиштаи Пок шикаст мехӯранд. Бинобар ин дар оянда низ ҳамаи онҳое ки ба танқид кардани суханони Исо мекӯшанд, дандони худро хоҳанд шикаст.

Исо гуфтааст:

«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест»

(Инҷил, Матто 24:35).

Ақлнорас!

Албатта, масеҳият ва баъзе намояндагони расмии он худ айбдоранд, ки одамон ба дини онҳо боварӣ надоранд. Он чи онҳо бо Хушхабар карданд, нафратангез ва даҳшатовар аст. Ба номи Худо гуфта, чӣ амалҳои даҳшатовар мекарданд: ҷангҳои динии расво, инквизитсия, ки дар натиҷаи он миллионҳо одамони бегуноҳ мурданд.

Имрӯзҳо ҳам дар муомила «арзишҳои масеҳӣ»-и сохта кам нестанд. На дар ҳамаи масеҳиёни сохтаном Масеҳро дидан мумкин аст.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ

Scroll Up