Menu Schließen
Хазинаи Дил
Баррасиро чоп кардан
Ишораро кушодан

“Хазинаи Дил” сурудномаи масеҳии тоҷикӣ мебошад, ки аввалин бор дар соли 2000 нашр шуда, дар соли 2004 бо ислоҳот ва иловаҳо нашр шудааст

Суруднома дар солҳои гузашта дар байни масеҳиёни тоҷик паҳн шуда, дар ҳақиқат барои онҳо хазинаи ситоиш ва дуоҳои самимона дар ҳузури Худо шудааст.

Аз пешгуфтори суруднома:

“Бовардорон ҳамеша, дар ҳама ҷаҳон, барои Худо аз ҷону дил сурудҳо мехонанд. Миннатдорӣ аз корҳои Худо ва муҳаббат нисбати шахсияти Ӯ боиси таронасароии бандагонаш аст: дар танҳоӣ, дар ҷамоат, дар оила ва ҳангоми кор. … Баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон масеҳияти тоҷик умри дубора пайдо кард. Мо умед дорем, ки ин суруднома барои устувор кардани масеҳияти тоҷик ёрӣ мерасонад”.

Суруднома “Хазинаи Дил” аксаран сурудҳои эрониро дар бар мегирад. Қисми дигари сурудҳо аз эҷоди бовардорони тоҷик ва тарҷумаҳо аз забонҳои дигар мебошанд. Баъд сурудҳо илова карда шудаанд, ки аз таронаҳои Забур мебошанд.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ