Menu Schließen
Чашма
Баррасиро чоп кардан
Ишораро кушодан

Чашма сурудномаи кӯдаконаи масеҳии тоҷикӣ мебошад, ки аввалин бор дар соли 2001 нашр шуда, дар соли 2014 бо ислоҳот ва иловаҳо нашр шудааст.

Аз пешгуфтори суруднома:

Бачаҳои азиз!

Ҳамчун муроҷиат ба шумо таронаеро аз китоби Забур пешкаш менамоем:

Ҳалелуёҳ!

Худоро биситоед дар ҷои муқаддасаш;

Ӯро ситоиш кунед дар фалаки қудраташ.

Ситоедаш барои корҳои боқудраташ;

Ситоедаш аз рӯи азамати бузургаш.

Бо навохтани карнай Ӯро ситоиш кунед;

Бо уду ҳам бо барбат Ӯро ситоиш кунед.

Бо доираву бо рақс Ӯро ситоиш кунед;

Бо асбобҳои торнок ва най Ӯро ситоед.

Ӯро бо санҷҳои хушнаво биситоед;

Ӯро бо санҷҳои баландовоз ситоед.

Ҳамаи нафасдорон Яздонро биситоед.

Ҳалелуёҳ!

Бигзор Худованд шуморо баракат диҳад, то ки ба воситаиин сурудҳо Ӯро ҳамду сано хонед.

Муҳаррирони

Сурудномаи “Чашма”

Суруднома “Чашма” қисман сурудҳои эрониро дар бар мегирад. Қисми дигари сурудҳо аз эҷоди бовардорони тоҷик ва тарҷумаҳо аз забонҳои дигар (аксаран русӣ) мебошанд. Ин сурудҳо нафақат барои кӯдакон аст.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ