Menu Schließen
Наход Худо одамонро
барои дӯзах офаридааст?

Номи ман Таҳмина аст. Хостам ба шумо дар бораи он ки чӣ гуна ман дар зиндагиям хушбахтии ҳақиқӣ ёфтам, каме нависам. Ман дар шаҳри Душанбе соли 1983 дар оилаи начандон калон таваллуд шудаaм. Мо дар оила се кас ҳастем. Модарам, ман ва боз додаре ки аз ман як сол хурд аст. Aз хурдӣ падар надорам.

Азбаски модарам бисёр кор мекард ва танҳо ду фарзандро калон кардан ба ӯ мушкил буд, ман дар дасти бибиям калон шудам. Ҳанӯз аз наврасиам дар бораи ҳаётам фикр мекардам. Рӯзҳоям якрангу якхела мегузаштанд: Саҳар ба мактаб мерафтам баъд омада бо кори хона машғул мешудам. Баъд аз он пеши телевизор барои тамошои сериалҳо мешиштам. Ман ба фикр афтодам: мактабро хатм мекунам, баъд оиладор мешавам, бо кору бори хона ва давутози зиндагӣ машғул мешавам, баъд фарзанддор мешавам, барои фарзандҳоям зиндагӣ мекунам, баъд тамом – ҳамин хел ҳаёт мегузарад. Баъд чӣ? Баъд мемурам, баъд чӣ? Дар куҷо?Ин чиз маро хеле хавотир мекард.

Бибиям хеле худотарс буд. Ва, албатта, дар бораи биҳишту дӯзах, дар бораи он ки ҳар қадами мо гуноҳ аст, талқин мекард. Ин хел бояд накунем, он хел бояд накунем, ин гуноҳ аст,ин…ин..ин…Фаҳмидам, ки Худо Пок аст, пеши Ӯ рафта наметавонем. Ба назди бибиотуне сабақгирӣ ҳам мерафтам. Бисёр ривоятҳо мешунидам, ва ин маро маҷбур мекард, ки шабҳо дар бораи он дунё фикр кунам. Лаҳзаҳое буданд, ки аз фикру тарси он дунё фикр мекардам, ки дилам мекафад. Чӣ кор кунам, ки ба биҳишт равам? Чӣ кор? Наход ягон роҳе нест ки ба биҳишт мебарад? Наход Худо одамонро барои дӯзах офаридааст?

Дӯстоне низ доштам, ки сабақ мегирифтанд. Мегуфтанд, ки бо гуноҳолудии худ пеши Худо рафта наметавонем. Ман мепурсидам: “Пас чӣ хел пеши Худо рафтан мумкин аст?“ Мегуфтанд: Фақат хуб зиндагӣ кун, дуздӣ накун, гуноҳ накун, намоз хон, кори нек кун, хайр кун… ва агар ба Худо маъқул шавад, ба биҳишт меравӣ. – Агар ба Худо маъқул нашавад чӣ??? Боз мегуфтанд: Одамоне ҳастанд, ки рост зиндагӣ мекунанд ва дар давоми умрашон банохост коре мекунанд, ки ба Худо маъқул намешавад, ва онҳо ба дӯзах мераванд. Ва одамоне низ ҳастанд, ки тамоми зиндагияшон бад зиндагӣ мекарданд ва ногоҳ ягон кори хубе мекунанд, ки ба Худо маъқул мешавад, ва онҳо ба биҳишт мераванд. Набошад, агар ман рост зиндагӣ кунаму ягон корам ба Худо маъкул нашавад, чӣ мекунам?Наход роҳе набошад? Чӣ хел бе ягон умед зиндагӣ кунам?Ба дилам чизе намерасид. Надонистам чӣ, лекин намерасид. Дар ҷустуҷӯи ҷавоб будам. Чӣ кунам, ки ба биҳишт равам, дар ҳоле ки гунаҳкор ҳастам?

Рӯзе бо бибиям нишаста будем. Ҳамин вақт дар бораи тағоям, ки дар ҳабсхона буд, хабаре омад, ки гӯё мулло шуда бошад. Хурсанд шудем, лекин муллои русӣ шудааст??!! Ҳайрон мондем. Гоҳ-гоҳ китобҳо мефиристод. Яке аз китобҳо Тавротбуд, ки ба бибиям мехондам. Бибиям бо чизи мехондагиям розӣ мешуд.

Аз байн якчанд вақт гузашт. Бибиям вафот кард. То хатм кардани мактаб соле монда буд. Бо даводави хатмкунӣ ин саволҳо аз фикрам дур шуданд. Тағоям аз ҳабсхона озод шуд. Аз баргаштанаш ҳама хурсанд буданд, лекин ҳама дар ҳайрат буданд – ӯ тамоман дигар шуда буд. Рӯзе ки дар сари дастурхон шишта будем, вай ба ман гуфт: “Таҳмина, медонӣ, ки Худо туро дӯст медорад ва Писари ягонаашро барои гуноҳҳои ту қурбон кардааст, то ки ту ба Ӯ наздик шавӣ!” (Инҷили Юҳанно 3:16). Ман ба ҳаяҷон афтидам. Ба сарам ин хабар намеғунҷид, ки Худо маро дӯст медорад ва мехоҳад, ки бо Ӯ бошам. Боварӣ надоштам, киман бо Ӯ дар биҳишт буда метавонам. Исои Масеҳ роҳ ба назди Худо аст??!!! Ин барои ман хабари нав буд. Хурсанд будам, ки ба ҷустуҷӯҳои ман ягон ҷавоб ҳаст. Лекин баъди ин хабари нав гӯё дар байни ду оташ мондам. Кадом роҳ дуруст аст? Муҳаммад ё Исои Масеҳ? Чӣ кор кунам? Фикру саволҳои ҳалнашуда боз баргаштанд. Боз шабҳоро дар фикр мегузарондам. Дар дарунам ҷанги рӯҳонӣ доштам, фикр мекардам, ки дилам ду пора мешавад. Дар охир натавониста, фақат гуфтам: “Худоё, ба ман роҳи дурустро нишон деҳ! Кадомаш дуруст аст?” Дар тӯли вақт Худо ба ман нишон медод. Бамонанди тарозу ҳамаашро бармекашидам. Баъди чанд вақт фаҳмидам, ки Исо бароям мурд ва дар рӯзи сеюм зинда шуд.Аз ин хабар бисёртар дар тааҷҷуб мондам. Исо чӣ кор кард? Исо маро дӯст дошт. Ӯ бегуноҳ буд. Бароям ҷонашро дод. Ҳаёти ҷовидониро ваъда дод. Ӯ зинда шуд ва ҳаст. Муҳаммад бароям чӣ кор кард? Мисли ман одами гуноҳкор буд. Мурд, вале зинда нашуд. Барои ман чӣ ваъда дод? Зиндагияш чӣ хел буд? Паллаи тарозу дар тарафи Исои Масеҳ вазнинтар шудан мегирифт. Ва Худо ба ман ҷавоб дод. Ман соли 1999 Масеҳро ҳамчун Писари Худо,Наҷоткор ва Худованди худ қабул кардам. Соли 2000-ум таъмиди обӣ (ғӯтаи масеҳӣ) гирифтам, ҳамчун шаҳодат барои атрофиён. Шаш сол пеш Худованд маро ба воситаи Исои Масеҳ фарзанди Худ гардонд. Акнун ман фаҳмидам: Ин холигие ки дар дил доштам ва ҳеҷ чиз онро пур карда наметавонист, ҷои Худо будааст. Дилам мӯҳтоҷи сулҳу осоиштагӣ бо Худованд будааст. Ҳозир Худованд бо ман аст, ман ба Ӯ бовар дорам.Ман осоиштагӣ бо Худованд дорам. Хушбахтии ҳақиқиро, ки гузарон нест, пайдо кардам. Агар ягон ғам дошта бошам ҳам, дар дил оромӣ ва хушбахтии илоҳиро дорам. Худоро шукр, ҳозир дар имон ҳастам ва аз ин роҳе ки қабул кардаам, пушаймонӣ надорам. Дар ҳаётам мақсад пайдо шуд. Ҳаётам дигаргун шуд. Не, зоҳиран ҳамааш чун пештара монд, лекин ботинан дигаргунии пурра дорам. Медонам, ки барои чӣ ва барои Кӣ зиндагӣ мекунам. Медонам, ки Худованд гуноҳҳоямро бахшидааст, аз донистани ин хушбахтам. Фарзанди Худо гардидаам, ҳаёти ҷовидонӣ дорам. Агар вафот кунам ҳам, медонам, ки ба биҳишт меравам. Инро Исои Масеҳ ба воситаи Каломаш ба ман кафолат додааст. Шукрона ба Худованд, ки ба саволҳои ман, ба ҷустуҷӯҳои ман ҷавоб дод. < FONT ҷуст, пайдо кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ ҷустуҷӯ намоед.> ”Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед. Ва Ман барои шумо ёфт хоҳам шуд – мегӯяд Худованд.” (Ирмиёи пайғамбар 29:12-14)

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ

Scroll Up