Menu Schließen
Бемории фарзандам маро назди Худо овард

Номи ман Парвиз аст. Ман соҳиби се фарзанд ҳастам. Солҳое буд, ки ман нисбати маънои чуқури зиндагӣ бепарво буда, вақти гаронбаҳои худро беҳуда сарф мекардам. Зиндагии ман бо майнӯшӣ ва дигар намудҳои айшу ишрат мегузашт. Худо ба ман файзу баракати зиёд ато намуда буд, аммо аз боиси он ки ман инро дарк намекардам, Худо ҳама онро аз дасти ман гирифт. Лекин ҳозир ман фикр мекунам, ки ин амали Ӯ дуруст буд, зеро дар акси ҳол ман Ӯро намешинохтам. Ҳамааш аз ин сар шуд:

Дар хонаи яке аз ҳамсоягони мо гурӯҳе барои хондани кадом як чиз ҷамъ мешуданд, аммо ман намедонистам, ки барои чӣ. Духтари ман низ ба ин гурӯҳ дохил шуда буд, зеро дугонаҳои вай ба ин гурӯҳ тааллуқ доштанд. Баъди бозгашт аз маҷлиси ин гурӯҳ вай хеле хушнуд ва хушҳол менамуд. Дар яке аз рӯзҳо духтарам ба хона Инҷил ном китоберо овард. Ва ман бениҳоят хашмгин шуда, кӯдакамро лату кӯб намудам, зеро он чи онҳо меомӯхтанд, дар назарам куфр намуд.

Ман агарчи мусулмони сахт набошам ҳам, онҳоро сарзаниш намудам ва ба занам гуфтам, ки фарзандонро аз иштирок дар ин маҷлисҳо боздорад. Баъд ба хонаи мо занони масеҳӣ меомадагӣ шуданд. Мақсади онҳо расондани хабари Инҷил буд. Дар вақтҳои холигӣ ва бекориам китоби Инҷилро гирифта мехондам.

Рӯзе духтарам бемор шуд, ва ман ӯро ба беморхона бурдам. Дар он ҷо духтур ба ман гуфт: ”Духтари шумо гирифтори бемории хафноки менингит шудааст, ва бояд 6 моҳ дар беморхона табобат шавад“. Дар баробари ин духтур гуфт, ки натиҷаҳои табобат маълум нестанд, ва ман чӣ кор карданамро надонистам. Баъд духтарамро ба беморхона хобониданд, ва аз боиси он ки вай аз ҷогаҳ хестан наметавонист, ман дар ҳуҷра якҷоя бо вай будам.

Ду зани масеҳии ба хонаи мо меомадагӣ аз бемор шудани духтари ман дарак ёфтанд. Онҳо аввал назди занам омада, барои саломатии духтарам дуо хонда, ба вай гуфтанд: ”Ту аз Худои мо Исои Масеҳ шифои духтаратро биталаб“. Сипас онҳо ба беморхона омаданд. Дар он ҷо секаса ба номи Исои Масеҳ дуо карданд. Сипас онҳо ба ман гуфтанд, ки ту низ аз Исои Масеҳ шифои духтаратро биталаб ва агар Худо хоҳад, вай албатта шифо хоҳад ёфт. Сипас ман шабу рӯз ғарқи фикр шуда, ба худ гуфтам, ки агар ба исми Исои Масеҳ барои шифои духтарам дуо кунам, ва духтарам шифо ёбад, пас ин Исо Худо аст. Ва ман ба дуокунӣ сар кардам. Баъд аз ду-се рӯз аҳволи духтарам беҳтар гардид, ва пас аз як ҳафта вай роҳгардон шуд.

Сипас ман шабу рӯз ғарқи фикр шуда, ба худ гуфтам, ки агар ба исми Исои Масеҳ барои шифои духтарам дуо кунам, ва духтарам шифо ёбад, пас ин Исо Худо аст. Ва ман ба дуокунӣ сар кардам. Баъд аз ду-се рӯз аҳволи духтарам беҳтар гардид, ва пас аз як ҳафта вай роҳгардон шуд.

Духтурон баъди муоинаи духтарам бениҳоят ба тааҷҷуб афтода, гуфтанд, ки шифои фаврии вай барои онҳо чун мӯъҷиза аст. Ман фаҳмидам, ки Худо ба дуои ман ҷавоб гардонд, ва ин боиси он гардид, ки ман ба Ӯ чун ба Раҳонандаи шахсии худ бовар намоям. Омин.

Scroll Up