Menu Schließen
Аз нобоварӣ ба боварӣ

Номи ман Манучеҳр аст. Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаaм. Падарам атеисти қатъӣ ва коммунист буд. Азбаски тарбияи фарзандон ба зиммаи вай буд, ӯ моро дар рӯҳия атеизми илмӣ тарбия медод. Замоне ки ман ҷавон будам, мақсади мо сохтани ояндаи дурахшони коммунизм буд.

 

Ман бовар мекардам, ки маймун дар давоми чандин миллион солҳо меҳнат карда, ниҳоят ба инсон табдил ёфт. Ман танҳо барои худам зиндагӣ мекардам, зеро яке аз принсипҳои назарияи Чарлз Дарвин, ки ман яке аз пайравонаш будам, мубориза барои ҳаёт буд, яъне навъи зӯр зинда мемонду навъи суст нобуд мегардид. Ман ба воситаи ҷидду ҷаҳди зиёд ба қатори навъи зӯр дохил шудам.

 

Бо ҳамин принсип ман ҳаёти худро давом медодам, то даме ки давлати пуриқтидори шӯравӣ завол ёфт. Пас аз барҳам хӯрдани собиқ давлати шӯравӣ тамоми орзуҳо ва мақсадҳои ман барбод рафтанд. Дар миёни мардум обрӯи муаллимон, ки ман яке аз онҳо будам, паст шуд. Акнун дар пеши мардум ҳамон шахс мӯътабар ҳисоб мешуд, ки молу мулки бештар дошт. Дониш арзиши худро гум кард. Одамон танҳо аз пайи чизҳои моддӣ шитофтанд. Ман ҳамаи ин манзараро дида, бениҳоят ғамгин мешудам. Аз ҳар тараф маро чизе фишор меовард, ва ман дар ин лаҳзаи душвор бори аввал ба осмон, ба Худо рӯ овардам.

 

Рӯзе аз назди мазор мегузаштаму, оятҳои Қуръонро дар даруни дил қироат мекардам, бо умеди он ки Худо ба ман баракат мефиристаду, аҳволи ман беҳтар мешавад. Аммо чизе тағйир наёфт ва аҳволи ман боз ҳам бадтар шуд. Ва ман аз ислом бештар дилхунук шудам.

 

Дар донишгоҳе ки дар он таълим медодам, яке аз шогирдонам масеҳӣ буд. Рӯзе вай маро ба калисо даъват намуд. Ман ба он ҷо рафта, ба мавъизаҳо гӯш медодагӣ шудам, ва рафтан ба он ҷо ба дилам писанд омад. Аммо дилам ҳанӯз барои ба сифати Худои худ қабул кардани Исои Масеҳ, ки дар ислом пайғамбар ҳисоб мешуд, тайёр набуд. Ман ба ин шогирди худ муносибатҳои хуб доштам, ва рӯзе вай маро ба корхонаи масеҳиён, ки бо тарҷумаи адабиёти масеҳӣ машғул буданд, даъват кард.

 

Соҳиби корхона як миссионери некдил буд. Ин миссионер аз ман хоҳиш намуд, ки чун муҳаррир бо вай дар хусуси адабиёти тарҷумашаванда ҳамкорӣ намоям. Сипас дар ҳаёти ман давраи нав сар шуд. Шогирди ман, миссионер ва бисёр касони дигар бароям намунаи ибрат мешуданд. Ман дар хусуси оятҳои бисёри Навишта (Библия) шубҳаҳо доштам, ва ин боиси он мегардид, ки ба Масеҳ руҷӯъ накунам. Дилам чун санги сахт барои қабул кардани ҳақиқатҳои инҷилӣ ҳанӯз кушода набуд. Аммо солҳо мегузаштанд, ва Рӯҳи Худо дар дилам кор мекард. Ман китобҳои зиёди масеҳиро хонда, таҳрир мекардам.  

 

Ҳамин тавр 4 сол гузашт. Тадриҷан ман фаҳмидам, ки тамоми он чи ки дар Навишта ҳаст рост мебошад, ва ман назди Худованд зону зада, аз тамоми гуноҳҳоям тавба намудам, ва Исои Масеҳро чун Худои худ қабул кардам. Аз он лаҳза саҳифаи нави ҳаёти ман кушода шуд. Акнун ман дар дил оромиш дорам.

Бале, орзуҳои ман оиди ояндаи дурахшони коммунизм барбод рафтанд, аммо акнун ман орзуҳои боз ҳам бештар дорам, ки на ба ҳаёти 80 сола, балки ба ҳаёти ҷовидонӣ равона шудаанд, ва беҳтарини ин орзуҳо то абад будан бо Писари Худост.

Scroll Up