Menu Schließen
Дар ҷустуҷӯи Худо

Ман Марям ҳастам. Дар оилаи мусулмон зода шудаам. Пеши Худо барои он ки маро аз ин оила ба фарзандӣ қабул кард шукри бе ҳад мегӯям. Ҳам шукр мегӯям барои ин падару модаре ки Худо ба ман дод.

То масеҳӣ шуданам зиндагии ман чун боди кӯчагарде буд, ки ҳеч ҷои худро намеёфту ором шудан намехост, ин бодро ман бо хоҳиши худ идора мекардам. Гуфта наметавонам, ки дар ин равиши зиндагӣ тамоман дур аз Худо будам, зеро ягона чизе ки маро устувор нигоҳ медошт, боварӣ ба вуҷуд доштани Худои Офаридгор буд.

Дар оила ман фарзанди калонӣ ҳастам. Аз хурдӣ волидайн кӯшиш мекарданд ба ҳар он чи дар рафтори ман дида мешуд, ҷиддӣ муносибат кунанду маро ислоҳ карда, кӯмак намоянд. Барои ҳар баҳои аълое ки аз мактаб мегирифтам, баробарам хурсандӣ мекарданд. Хусусан падарам ба илмомӯзии ман диққати ҷиддӣ медод, бисёр насиҳат мекард, то дурӯя набошаму ҳама корро аз рӯи инсофу одамгарӣ ба анҷом расонам. Модарам бошад ба ман бештар дар бораи Худову пайғамбарон нақл мекард.

Барои ман ҳама хуб буд, ғайр аз он ки гоҳ-гоҳ дар муносибатҳои оиладории онҳо нофаҳмиҳои хурд руй медоду ман худро танҳои танҳо ҳис мекардам. Он вақт мехостам касе аз будани ман огоҳ набошад, мехостам вуҷуд надошта бошам. Вақте ба мактаб мерафтам, мехостам рӯз тамом нашавад, зеро ба хона баргаштан намехостам. Вақте аз кӯча мегузаштам, фикр мекардам, ки ҳама ба ҳоли ман механданд.

Як рӯз, вақте ки ҳанӯз тақрибан 13-14 сола будам, бори аввал бо Худо сухан гуфтам. Дар хона касе ғайр аз ман набуд. Ягона суханоне ки он вақт гуфтаму то ин замон дар ёдам ҳаст, инҳо буданд, ки Худоё, агар ту ҳастӣ, падару модарамро нигоҳ дор, то аз ҳам ҷудо нашаванд ва ман хизматгузори Ту мешавам. Ва то ҳол дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел дилам сахт мезаду гиря мекардам. Баъд аз ин рӯзҳо мегӯзаштанд, ман калон шудан мегирифтаму мушкилиҳои дигар пайдо шудан мегирифтанд. Ҳис мекардам, ки дар мактаб ман аз ҳамсинфонам дур шуда истодаам. Ягона баҳона ин буд, ки гуё ман бо забони адабӣ гап мезанаму ин ба онҳо писанд намеомад.

Ҷангҳои дохилӣ сар шуданд. Дар ин ҷанг ман дарк карда тавонистам, ки вақте одамонро ҷаҳолат фаро мегирад, ҷони одамӣ барои онҳо қадр надорад. Боз инро дарк кардам, ки зиндагӣ чизест, ки ҳеҷ инсон чӣ қадар зистанашро намедонад.

Баъд аз он ки ҳамаи ин воқеаҳо гузаштанд, дар соли 2000 ман ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридам. Дар ҳамин донишгоҳ ман бо духтаре вохӯрдам ва бо ӯ дӯстӣ пайдо кардам. Ин дӯстӣ роҳи зиндагии маро тамоман дигар кард. Аз аввал ман назди ӯ дарси забони хориҷӣ меомӯхтам. Оҳиста-оҳиста ин дӯстии мо то ҷое расид, ки мо ба хонаи ҳамдигар меҳмон мешудем ва дар вақти сӯҳбатҳо мо аз Китоби Муқаддас (Тавроту Инҷил) оятҳо мехондем. Кам-кам ман ҳис кардам ки ин суханонро аз китоб дар куҷое хонда будам. Баъд ба ёдам омадан мегирифт, ки дар ҷанг, вақте ки мо аз тарси ҷанговарон ба кӯча намебаромадему дар кунҷи хона корамон танҳо китобхониву ҷӯроббофӣ буд, ман дар ин китоб хонда будам ва бо умеди ин навиштаҳо зиндагӣ мекардам.

Баъди чанд муддат мо аз ҳам ҷудо шудем, зеро ин духтар ба ватанаш баргашт. Ман бошам дар ватани худ рӯзҳоро паси сар мекардам. Умр рафтан мегирифту ман аз паси орзуҳои нотамом давидан мегирифтам. Як рӯз ҳис кардам, ки ман монда шудам, сахт монда шудам. Чӣ кор карданамро намедонистам, ба падару модарам бошад ҳеҷ чиз гуфтан намехостам, зеро бе ин ҳам мушкилоти онҳо зиёд буд. Ин мушкилиҳо ба саломатии модарам вобаста буданд. Баъд аз тамом шудани рӯзи корӣ ман назди телефон нишаста мехостам ба касе занг занам, вале намедонистам ба кӣ.


Фикр мекардам, ки ҳама бе ман ҳам мушкилиҳои худро доранд, боз ба касе бори гарон шуданам чӣ лозим? Вале ногаҳон ба ёдам омад, ки ягона касе ки аз вақти шинос шуданамон ягон бор ҳам норозигиашро нашунида будам, хоҳари калонии духтарест, ки дар донишгоҳ бо ӯ шинос шуда будам. Бе ягон фикр гӯшаки телефонро бардоштаму рақами телефони хонаашро гирифтам. Ин дар 22.12.06 буд. Баъд аз сӯҳбате ки доштем, ба ман маълум шуд, ки ман боз метавонам бо дӯстам вохӯрам. Ин рӯз ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад, зеро дар ин рӯз ман на танҳо бо дӯстам вохӯрдам, балки маҳз баъди ҳамин рӯз ман дарк кардам, ки агарчи бисёр чизҳоро ба даст овардан мехоҳаму ба даст ҳам меовардам, боз дар қалби ман холигие ҳаст, ки ҳеҷ чиз ҷои онро пур карда наметавонад. Ва ин ҷои Офаридгори Бузург буд, ки ман аз як тараф Ӯро бисёр дӯст медоштаму аз тарафи дигар аз Ӯ метарсидам.


Баъд ба хулосае омадам, ки бояд китобҳоеро ки оиди дину худошиносӣ навишта шудаанд, хонам. Ҳам ҳис мекардам ки дар ин роҳ дер карда истодаам. Зеро ҳама он чи падару модарам ба ман дар ин бора мегуфтанд, маро қаноатманд намекард. Дигар чиз ин буд, ки ман кам-кам оиди таърихи пайдоиши динҳо огоҳӣ доштам. Вале чизи аз ҳама муҳиме ки дили маро оромӣ медоду чашми маро кушод, ояти понздаҳуми боби сеюми китоби Ҳастӣ буд. Он рӯз, вақте ки ман ин оятро хондам, ба Масеҳ ҳамчун Наҷоткор бовар кардам.


Пеши чашмонам дунёи нави дигаре намудор шудан гирифт, ки ҳамааш дар дасти Худо аст, аз мо бошад танҳо ба Ӯ бовар кардану аз Ӯ интизор шудан мемонад. Баъд аз ин дар худ оромие пайдо кардам, ки пештар онро надоштам. Ин оромиро ман ба қалам додаву иброз карда наметавонам, зеро ҳар касе ки ин оромиро дорад худ инро эҳсос мекунаду дарк мекунад, вале агар касе ин оромиро надорад, афсӯс, ки эҳсос карда наметавонад.

Ояти понздаҳуми боби сеюми китоби Ҳастӣ:


”Ва Худованд Худо ба мор гуфт: (…)


Ва дар миёни ту ва зан,


ва дар миёни насли ту


ва насли вай адоват меандозам:


Вай сари туро хоҳад кӯфт,


ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт.”

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ
Scroll Up