Menu Schließen
Исо бемонанд аст

Ҳеҷ кас мисли Исо ҷаҳонро дигаргун накардааст!

 

Исо сухани Худоро бо қудрати махсус мавъиза мекард. Қайд кардан шавқовар аст: 90% қонунҳо ва маданияти ғарб дар ҳамаи гуногунии худ дар асл аз Навиштаи Пок баромадаанд.

Дар Навиштаи Пок оиди оиладоршавӣ ва оиладорӣ, қадру қимати одам, муҳити атроф ва оиди масъалаҳои ҷамъиятӣ навишта шудааст.

Исо Худро пурра бо суханони Навиштаи Пок ҳаммонанд мекард. Ҳамин тавр Ӯ Сухани Худо дар ҷисм гардид. Аслан мо танҳо ба воситаи Ӯ Худо ва муҳаббати беканори Ӯро нисбати мо, одамон, шинохта метавонем.

Барои ҳамин Исо ба назди мо омад. Барои ҳамин Ӯ мисли мо одам шуд. Аммо дар баробари ин Ӯ гуноҳ надошт. Ӯ Сухани зиндаи Худо буд. Худо буд, ки Ӯро ламс кардан имкон дошт.

Дар Навиштаи Пок маҳз ҳамин тавр гуфта шудааст:

«Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд… ва мо ҷалоли Ӯро дидем…» (Инҷил, Юҳанно 1:14).

Ба воситаи Исо Худо бо мо ба забони одамӣ ва дар айни замон илоҳӣ сухан гуфт. Дар Инҷил, Нома ба Ибриён 1:1-2 навишта шудааст:

«Худое ки аз қадимулайём борҳо ва бо тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст, дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд…».

Кушоду равшан сухан меронд.

… Аммо онҳо то ҳол менависанд!

Дар рӯзнома ва маҷаллаҳои зиёд то ҳол ба калисо, ба масеҳият ва ба худи бовар ба Исои Масеҳ фишор оварданро давом медиҳанд.

Тамоми масеҳият ҳамчун дини ғарбӣ бадном мешавад. Ҳамчун натиҷаи фикрҳои «ғайриилмӣ» бадном мешавад. Ҳамчун «афсона».

Мутаассифона, ба ҷои розӣ шудан бо ҳолати воқеии чизҳо дар баҳс далелҳои суст, шубҳанок ва исботнашуда истифода мешаванд. Пинҳон доштани ҳақиқатро афзал медонанд. Аммо дар натиҷаи чунин интеллектуализми беинсофона оё худи мухолифони масеҳият дар «офсайд» намемонанд?

Дар замони ҳозира ҳақиқат чунин аст: «Фикр танҳо дар ҳолате радшуда ҳисоб мешавад, ки далели мухолиф дошта бошад». Аммо чунин далел то имрӯз ёфт нашудааст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳар навъ тахминҳои беасос ва дурӯғҳо бар ҳақиқати Навиштаи Пок шикаст мехӯранд. Бинобар ин дар оянда низ ҳамаи онҳое ки ба танқид кардани суханони Исо мекӯшанд, дандони худро хоҳанд шикаст.

Исо гуфтааст:

«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест»

(Инҷил, Матто 24:35).

Ақлнорас!

Албатта, масеҳият ва баъзе намояндагони расмии он худ айбдоранд, ки одамон ба дини онҳо боварӣ надоранд. Он чи онҳо бо Хушхабар карданд, нафратангез ва даҳшатовар аст. Ба номи Худо гуфта, чӣ амалҳои даҳшатовар мекарданд: ҷангҳои динии расво, инквизитсия, ки дар натиҷаи он миллионҳо одамони бегуноҳ мурданд.

Имрӯзҳо ҳам дар муомила «арзишҳои масеҳӣ»-и сохта кам нестанд. На дар ҳамаи масеҳиёни сохтаном Масеҳро дидан мумкин аст.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ