Menu Schließen
Исо беҳамтост!

Пок, покиза, бегуноҳ, росткор, бузургмеҳр, раҳим, бовафо, пурқудрат, ҳақиқӣ…

 

Ҳатто душманони ашаддии Ту бояд иқрор шаванд, ки Ту, Исо, беҳамто, бемисл, мӯъҷизаосо ва пурҷалол ҳастӣ!

Исо афсона ё ривоят нест!

Ӯ қаҳрамони бофтаи халқӣ нест, масалан, ба монанди Эраҷи тилисмшикан. Исои Масеҳ Худованди зинда ва ҳақиқист! Ӯ дар таҷрибаи шахсӣ ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯзҳо шинохта мешавад. Ҳамаи асосгузорҳои динҳо дар вақти худ мурданд, аммо Исо зинда аст. Ӯ Худои зиндаи ҷовидонист!

Исо мӯъҷизаосост!

Оё ягон хислати барои мо пур арзиш вуҷуд дорад, ки дар зиндагии Исо дида нашуда бошад? Чунин хислатҳоро шумо ёфта наметавонед.

Исо муҳаббат аст!

Ӯ одамонро дӯст медорад, чунки онҳо офаридаи Худо мебошанд. Беистисно ва бегузоштани фарқ дӯст медорад! Ҳамон тавре ки онҳо ҳастанд. Бо ҷону дил (Инҷил, Юҳанно 15:9-13).

Исо намунаи сабру тоқат аст!

Ӯ бо ҳар кас пур тоқат аст. Дар муносибат бо Ӯ ба чунин хулоса меоӣ: Ӯ барои ташвишу мушкилиҳои ниҳонии ман вақт дорад (Инҷил, Юҳанно 4:1-26).

Исо ғамхор аст!

Бебарориҳои одамӣ Ӯро бепарво намегузоштанд. Бисёр вақт ҷалоли илоҳии Ӯ ҳангоми дар мушкилиҳои онҳо кӯмак кардан зоҳир мешуд. Шогирдонаш ҳайрон мешуданд, ки чӣ қадар Ӯ ба одамон таваҷҷӯҳ зоҳир мекард (Инҷил, Юҳанно 2:1-12).

Исо покист!

Исо дар масъалаи обрӯю эътибори Худо, ПадариОсмонииХуд, оштинопазир мешуд. Ӯ бо онҳое ки Хонаи Худоро ба бозор табдил додан мехостанд, мухолифат менамуд. Моҳияти поки Ӯ чунон таъсирбахш буд, ки одамон нисбати Ӯ бо тарси эҳтиромона ва ҳурмат муносибатменамуданд(Инҷил, Юҳанно 2:13-22).

Исо меҳрубон аст!

Ин ҳатто дар лаҳзаи мехкӯб шудани Ӯ ошкор шуд. Дар дами марг Ӯ нисбати шахси азизтарин дар ҷаҳон, нисбати модараш, ғамхорӣ мекард. Аз дарди ногуфтанӣ азоб кашида, Ӯ меҳрубонона дар бораи вай ғамхорӣ мекард (Инҷил, Юҳанно 19:25-27).

Исо олиҳиммат аст!

Одамон тӯда шуда аз пушти Исо мерафтанд. Ба куҷое ки Ӯ равад, он ҷо одамон ҷамъ мешуданд ва бо диққат Ӯро гӯш мекарданд. Ӯ ҳазорон одамонро бо нону моҳӣ сер кард. Ҳеҷ кас ба хонааш гурусна барнагашт (Инҷил, Юҳанно 6:1-15).

Исо ҳамдардӣ мекард!

Ӯ одамонеро, ки ғарқи гуноҳу ҷиноятҳо буданд, таъна намезад. Ӯ ба дурӯғгуён, фоҳишагон, қаллобон дилсӯзӣ мекард. Ӯ дили онҳоро медонист, қаҳри шуури онҳо аз Ӯ пинҳон набуд. Дили Ӯ барои онҳо месӯхт ва баъзан Ӯ барои онҳо ҳатто ашк мерехт. Ӯбадбахтӣ васабаби занҷирбанд буданиҳаётионҳоромедонист. Ӯ онҳоро раҳо мекард (Инҷил, Луқо 19:1-10).

Исо эҳсосоти дигаронро дарк менамуд!

Одамон дар гуфтани саволу мушкилиҳои ниҳонтарини худ ба Ӯ шарм намекарданд. Дар назди Ӯ будан ба онҳо хурсандӣ мебахшид. Ӯ ҳалим буд ва рафтораш аз рафтори дигарон фарқ мекард. Амалҳои Ӯ меҳрубонона буданд. Ҳатто кӯдакон мехостанд дар назди Ӯ бошанд.

Исо раҳмдилии Худост!

Исо ба куҷое ки равад, ба беморон шифо мебахшид. Ӯ ба ҳамаи онҳое ки дар мусибат буданд, ҳамдардӣ мекард. Ӯ бечорагонро, ки умеди охиринро гум кардаанд, сарфи назар намекард. Ӯ тӯдаи одамони афсурда, парешону парокандаро, ки ҳамчун гӯсфандони бемақсаду саргардону бечӯпон буданд, дида, ба онҳо раҳм кард (Инҷил, Матто 9:35-36).

Исо – некист!

Исо бисёр вақт бо одамони ҳақир ва радди мардум вомехӯрд, ки ба Ӯ дар бораи бадбахтиҳои худ нақл мекарданд. Онҳо умедвори ёрӣ ё лоақал фаҳмиш ва суханони неки ҳамдардӣ буданд. Суханони Исо мисли об буданд, ки ҷонҳои хушкшудаи онҳоро тару тоза мегардонданд. Моҳияти Ӯ чунон некӣ мепошид, ки ҳатто аз ҳама беш радшудагон ба Ӯ бовар мекарданд (Инҷил, Марқӯс 1:40-45).

Исо бахшанда аст!

Ӯ дили одамро медид. Фикрҳои одамон назди Ӯ мисли китоби кушода буданд. Исо ҳаргиз одамонро барои хатоҳо ва сустиҳояшон таъна намезад. Аммо гуноҳони одамонро Ӯ ҳукм мекард. Ҳар касеро, ки дар назди Ӯ аз сидқи дилба гуноҳҳояш иқрор мешуд, Ӯ мебахшид ва бо осоиштагии амиқ андаруни дилҳошон ҷавоб медод (Инҷил, Луқо 5:17-26).

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ