Menu Schließen
Исои Масеҳ аз мо, одамон,
тамоман фарқ мекунад

Дар мавриде ки мо нафрат мекунем, Ту дӯст медорӣ. Дар ҷое ки мо ҳамчун дар “ҷанг” зиндагӣ мекунем, Ту ҳамдардӣ зоҳир менамоӣ. Ту ҳатто дар ҷое ки мо фақат хато ва норасоиҳоро мебинем, сабабе барои таъриф кардан меёбӣ. Дар ҷое ки мо нафрат мекорем, Ту осоиштагӣ мебахшӣ. Вақте ки мо “ман”-и сернашавандаи чарбубастаи худро болобардор мекунем, Ту фидокорона ҳаёти Худро барои мо медиҳӣ.”

Беумедӣ…

Гуноҳи мо, одамонро батаври абадӣ аз Худо ҷудо кардааст. Бе наҷот мо сӯи ҳалокати абадии ногузир меравем. Аммо Худо мурдани моро намехоҳад. Дили меҳрубони Ӯ ногуфтанӣ азоб мекашад.

Ҳеҷ гуна корҳои нек ва орзуҳо ба мо наҷот дода наметавонанд. Барои ҳамин Масеҳ омад! Ӯ бегуноҳ буд, аммо ба ҷои мо, ки аз боиси гуноҳҳоямон назди Худои одил ва пок сазовори ҷазо будем, ҷазо дид.

Аз ин сабаб Исо барои мо, одамони беумед ҳалокшуда, ягона роҳи наҷот шуд. Аз муҳаббат нисбати мо!

Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ба василаи он наҷот ёбем”.

(Инҷил, Аъмол 4:12)

”Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад”.

(Инҷил, Юҳанно 3:16)

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ