Menu Schließen
Тавроту Инҷил
– китобҳои бузург!

Бемисл ва такрорнашаванда!

 

Маркази он Исои Масеҳ аст. Рӯшноии он мисли равшании чароғи миноест, ки дар уқёнуси туғёнкунандаи таърихи ҷаҳон нурафканӣ мекунад. Барои бисёр касон он чун воҳае дар биёбон гардид. Бинобар ин натиҷаҳои сарфи назар кардани он ҳайратовар нест: нотавонии рӯҳонӣ ва гумроҳии ҳазоркарата.

Исои Масеҳ ва Навиштаҳо бо якдигар пурра алоқаманданд. Тавроту Инҷилро хонда, нафаси абадиятро ҳис мекунӣ: суханони Худо ба тааҷҷуб меоваранд. Таъсири Навиштаҳо чунон сахт аст, ки шумо ё ба талаботи онҳо итоат мекунед, ё аз баёноти он мегурезед.

Баъзе фактҳо оиди Навиштаҳо ҷолиби диққатанд:

Давраи навишта шудани он:

1600 сол (аз соли 1500 то милод то 100 баъди милод).

Дар навиштани он 40 муаллиф иштирок намуданд:

шоҳон, чӯпонон, моҳигирон, коҳинон, ходимони давлатӣ…

Ҳаҷм:

66 китоб, тақрибан 1300 саҳифа!

Мавзӯъ:

Ҳикояти Худо дар бораи наҷоти одамон.

Симои марказӣ:

Исои Масеҳ.

Хусусияти беназираш:

Oнро пайғамбарони пок аз рӯи илҳоми Рӯҳи Илоҳӣ ва фармудаи Худо навиштанд. Ӯ бошад онро ба тариқи аҷиб нигоҳбонӣ мекунад. Дар он хатоҳо ва зиддиятҳо ёфт намешаванд.

Дар замони ҳозира ба ҳазорҳо забонҳо тарҷума шудааст.

Матни аслиашро нигоҳ доштааст.

Миллионҳо нафар онро хонда, дӯсташ медоранд.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ