Menu Schließen
Мебахшед, шумо ба
куҷо рафта истодаед?

Монанди қатора зиндагии мо хоҳ нохоҳ моро ба як мақсад мебарад – м а р г.

Оё ягон бор аз худ пурсидед, ки баъд аз марг чӣ рӯй медиҳад? Дар тамоми дунё одамон дар бораи ин савол андеша карда, хулосаҳое мебароранд:

«Баъди вафот одам несту нобуд мешавад. Рӯҳи вай дигар вуҷуд надораду бас. Бинобаре ин ман дар зиндагии имрӯза хушбахтиро ҷустуҷӯ мекунам. Агар ҳеҷ кас саволу ҷавоб накунад, аз пархезу худдорӣ чӣ фоида?»

«Ҷисм нобуд мешавад, лекин дар олами дигар зиндагии рӯҳи мо давом дорад. Худо амалҳои моро ҳукм мекунад. Агар корҳои бад аз корҳои хуб дида зиёдтар бошанд, одам ба дӯзах меравад. Вале маро он фикр ором мекунад, ки тозашавӣ дар оташи дӯзах охир дорад ва ман дар оқибат ба биҳишт меравам».

«Одам баъди марг дубора ба ин дунё меояд. Агар ман некӯкор бошам. Шояд боз ҳамчун одам таваллуд ёбам, вагарна чун саг ё ҳатто калламуш».!

Мо чӣ хел мефаҳмем, ки дар олами дигар чӣ рӯй медиҳад? Оё мо ба тақдирамон таъсир карда метавонем? Аз таҷрибаи худ мо танҳо як чизро медонем: рӯзе мерасад, ки одам аз ин дунё меравад.

Худо ба мо дар Навиштаҳои Пок хабаре мерасонад, ки баъд аз марг чӣ мешавад. Дар он гуфта мешавад, ки рӯҳ аз ҷисм ҷудо мешавад. Дар Инҷил маълум мешавад, ки ба одамон насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дуҷор шаванд. Дигар хел гӯём, зиндагии мо баъд аз вафот давом дорад, ва Худо аз мо ҷавоб мепурсад. Исои Масеҳ ҳам дар бораи осмон ва ҳам дар бораи дӯзах сухан рондааст.

Вале дар Навиштаҳо таълими гузариш аз дӯзах ба осмон буҷуд надорад. Дар охири Инҷил пешгӯӣ шудааст, ки ҳар ки дар дафтари ҳаёт навишта нашуда бошад, дар кӯли оташ андохта мешавад.

Пас саволе пайдо мешавад, ки чӣ хел ман дар дафтари ҳаёт қайд ёбам? Зеро ба ононе ки дар қайд бошанд, гуфта шудааст: Шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст.

Исои Масеҳ дар Инҷил даъват мекунад:

«Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд: ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад нахоҳад мурд.»

Ин саҳифа Шуморо даъват мекунад, ки дар ин олам роҳи ростиро, яъне он роҳеро, ки Шуморо ба биҳишт мебарад, ҷустуҷӯ кунед, зеро дар олами дигар дер хоҳад шуд. Аз Худо хоҳиш намоед, ки Ӯ ба Шумо он роҳро кушояд.

Рисола

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ