Menu Schließen
Муҳаббат чист?

Муҳаббат – ҳиссиёти аҷоиб аст”, “Муҳаббат танҳо орзуест, ки ҳеҷ гоҳ иҷро намешавад”, “Муҳаббати ҳақиқӣ – ошиқ шуда, дар оғӯши нағздидаат будан аст”, “Муҳаббат танҳо дар хаёли одамон ва дар шеъру сурудҳо вуҷуд дорад, аммо дар ҳаёти ҳаррӯза муҳаббати ҳақиқӣ нест”, “Муҳаббат реаксияи химиявист: дар ҷисми одам гормоне ҳаст, ки ҳангоми бисёр шудани он одам «муҳаббат»-ро ҳис мекунад”, “Сарчашма ва бунёди зиндагии одамӣ – муҳаббат аст ; бе муҳаббат зиндагӣ имконнопазир мебуд” …

Оиди муҳаббат ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ҳоло мо танҳо баъзеи онҳоро номбар кардем. Пас чӣ гӯем? Одамон аз насл ба насл нисбати ин мавзӯъ шавқи бештар пайдо мекунанд. Аз ин ҳиссиёт чӣ қадар ашкҳо рехта шудаанд ва рехта хоҳанд шуд. Муҳаббат одамро ба ҳаракат меоварад. Лекин муҳаббати эҳсосӣ бисёр нозук ва гузаранда аст. Одамоне ки як вақт бе ҳамдигар зиндагӣ карда наметавонистанд, ҷудо мешаванд. Ба ҷои муҳаббат нафрат пайдо мешавад, ба ҷои хушбахтӣ бадбахтӣ меояд. Барои чӣ?

Муҳаббат фикри Худост. Орзуи муҳаббат ва қобилияти дӯстдоштанро ба дили одам Офаридгор андохтааст. Аммо таври истифода бурдани ин ато ба ихтиёри мо дода шудааст. Мо худпарастона ё фидокорона дӯст дошта метавонем.

Муҳаббати худпарастона, ки танҳо ҳаловати худро хоҳон аст, мушкилиҳо, ғаму андӯҳ, рашк, зино ва рӯҳафтодагӣ ба вуҷуд меорад. Ҳаловати ҳиссиётӣ, ки одамон «ишқ» меноманд, ҳолати кӯтоҳмуддат ва гузаранда аст. Дили одам аз чунин муҳаббат қонеъ намегардад.

Одам чун офаридаи Худо мӯҳтоҷи муҳаббати бепоён, пурзӯр ва бешарт мебошад. Ин гуна муҳаббатро аз куҷо ёбем? Оё филмҳои ҳиндӣ дар ҷустуҷӯи чунин муҳаббат ёрӣ дода метавонанд ? Ҳаргиз, не!

“Худо муҳаббат аст”(Инҷил, 1Номаи Юҳанно 4:16).

Танҳо дар Худо, ки Офаридгор ва сарчашмаи муҳаббат аст, мо муҳаббати ҳақиқиро фаҳмида метавонем. Дар Инҷил, оиди муҳаббат чунин навишта шудааст:

”Муҳаббат пуртоқат ва бошафқатаст, муҳаббат ҳасад намебарад, аз худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, бахашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад…” (1. Нома ба Қӯринтиён боби 13)

Муҳаббати ҳақиқӣ – муҳаббати фидокорона ва бешарт аст. Худи Офаридгор намунаи чунин муҳаббат аст.

Муҳаббати Худо

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ