Menu Schließen
Марг – сухани охирин?

Оиди зиндагии одамизод ва охирати он Устод Айнӣ чунин сатрҳои ғамангез навиштааст:

 

Ҳар сарвқаде, ки қад барафрохт,

Охир ба мағоки хок ҷо сохт.

Ҳар моҳрухе, ки рух барафрӯхт,

Охир ба шарораи фано сӯхт.

Дар ҳақиқат, новобаста ба он ки кӣ ҳастем, ҳамаи мо рӯзе зери хок мешавем. Ин ҳақиқати ногузир аст, ва мо бояд онро бо фурӯтанӣ қабул кунем. Аммо баъд аз марг бо одам чӣ мешавад? Оё пас аз марг чизе ҳаст, ё одам ба нестӣ меравад?

Оиди ин масъала ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Панҷ дини ҷаҳонӣ, ба тарзи гуногун бошад ҳам, таълим медиҳанд, ки марг оғози ҳаёти дигар аст. Баъзе фикр мекунанд, ки одам ба сабаби тарзи зиндагии заминияш пас аз марг ба гул, ҳайвон, санг ва ҳоказо мубаддал шуда метавонад. Баъзеи дигар бовар доранд, ки одам пас аз марг дар ақли кул ҳал шуда, шахсияти худро пурра гум мекунад. Динҳои якхудоӣ меомӯзанд, ки пас аз марг одам ба биҳишт ё дӯзах меравад.

Мо, масеҳиён, низ бовар мекунем, ки баъд аз талаф шудани ҷисм рӯҳи одам ҳаёти худро давом медиҳад. Аммо ба биҳишт ё дӯзах рафтани одам дар ҳаёти заминии ӯ ҳал мешавад. Биҳишт ё дӯзах – ҷои сеюм вуҷуд надорад. Барои чӣ?

Навиштаи Пок назар ба динҳои якхудоии дигар ба масъалаи гуноҳ диққати ҷиддитар медиҳад. Дар Инҷил, нома ба Румиён 5:12, чунин мехонем:

“Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд”.

Дар ҷаҳон одами бегуноҳ нест. Ҳама гуноҳ кардаанд. Ману шумо низ дар пеши Худо гуноҳкор ҳастем. Аз тарафи дигар Худо пок аст ва гуноҳро дар ҳузури Худ тоқат карда наметавонад.

“Зеро ки музди гуноҳ мамот аст…” (Инҷил, Нома ба Румиён 6:23)

Ин ҳақиқати Худост. Пас наход барои ҳамаи мо чорае набошад?

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ