Menu Schließen
“Иди милод” чист?

Christmas”, “Христмас” ё “Рождество” – иди мавлуди Исо – ҷашни бузургтарини масеҳӣ дар кишварҳои Ғарб мебошад. Дар давоми асрҳо дар атрофи ин ҷашн анъанаҳои гуногун пайдо шуданд: арчаи ороишдода, чароғҳо, бобои барфӣ, тӯҳфаҳои зиёд…

Аммо маънои аслии “Иди милод” дар чӣ мебошад? Чаро зодрӯзияк одам дар давоми садсолаҳо то ин дараҷа қадр карда мешавад?

Дар иди милод ба ин олам омадани Худи Худо қайд карда мешавад.

Худи Худо?Бале, Худи Худо дар шахсияти Писар.

Худо дар ибтидо оламро бо суханони Худ офарид. Гуфт ва шуд.

Ҳамин тавр ду ҳазор сол пеш дар батни Марям ном ҷавонзан кӯдаке пайдо шуд, ки падари одамӣ надошт. Худо ба Марям гуфт: “Натарс, зеро ки ту дар назди Худо файз ёфтаӣ: Писаре хоҳӣ зоид ва Ӯро Исо хоҳӣ номид, ва Ӯ бузург хоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида хоҳад шуд” (Инҷили Луқо 1:31,32).

Набошад, Марям модари Худо шуд? – Не, ин нодуруст аст. Вай модари Писари одамии Худо шуд, ки Ӯ Худо дар шакли инсонест. Марям худаш фаҳмид ва эътироф кард, ки писараш дар айни замон Худованди вай аст ва ба Ӯ бовар кард. Марямро набояд чун модари Худо парастиш кард.

 Чӣ хел Худои яккаву ягона Писаре дошта метавонад? – Худо як аст ва Ӯ Рӯҳ аст. Мо Ӯро дида ва ба инсон монанд карда наметавонем. Худо ба мо дар се намуд (шахсият) зоҳир мешавад: Падар, Писар ва Рӯҳи Пок. Ин се худо нест, балки як Шахс, ки дар се намуд зоҳир мешавад. (Муқоиса кунед: Обро дар се намуд мебинем: буғ, об, ях, лекин ҳамааш об, H2O, аст.)

Барои чӣ Худо чун одами оддӣ омад? – Вақте ки касе аз хориҷа назди шумо меояд, вай бояд забонатонро омӯзад, урфу одатҳоятонро бинаду фаҳмад ва, шояд, либоси миллӣ пӯшад. Ҳамин тавр хориҷӣ бо шумо шинос, ҳамсоя ва, эҳтимол, ҳатто дӯст мешавад. Ба замин омадани Худо ба монанди ин буд. Худои пок ва аз мо беҳад бузург ба забони мо гап зад ва “либос”-и бадани инсонро пӯшид, то ки ба мо наздик ояд.

Одаме ки бо Худо чуноне ки ҳаст, рӯ ба рӯ мешавад, бояд мурад. Бинобар ин дар Худованд Исо ҷалоли Худо пинҳон шуд, ва танҳо чашмони бовар ҷалоли Ӯро дида тавонистанд.

Юҳанно, яке аз шогирдони аввалини Исо, Исоро бо бовар шинохт:

“Калом(-и Худо) ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст” (Инҷили Юҳанно 1:14).

Ҳамчунин шумо бо чашмони бовар Исоро чун фиристодаи Падар ва Писари пурҷалоли Худо шинохта метавонед!

Барои чӣ дар иди милод ба якдигар тӯҳфа мекунанд? – Худо дар шакли Писар ба ин замин омад, то ба мо некӣ ато кунад. Исо дар ҳаёташ одамонро таълим дод, рӯҳафтодагонро тасалло дод, шифо бахшид, мурдагонро зинда кард, душманонашро дӯст дошт ва барои онҳо дуо кард ва дар охир Худро ба дасти одамони нобовар ва дағал дод, ки Ӯро куштанд. Исо зиндагияшро барои мо, одамон, дод. Инро ба хотир оварда, мо миннатдор ҳастем ва мехоҳем ба дигарон некӣ кунем. Албатта, тӯҳфаҳо фақат як тарзи некӣ кардан мебошанд…

“Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед” (Инҷил, Номаи дуюм ба Қӯринтиён 8:9).

Исои Масеҳ кадом кори сазовори таърифу ифтихорро анҷом дод? – Чуноне ки гуфтем, тамоми ҳаёти Исо тӯҳфа ба одамизод буд. Вале Ӯ бо зиндагии бегуноҳаш на фақат намунаи ибрат барои зиндагонии одамон шуд, балки Наҷотдиҳанда. Бо маргаш дар салиби Ҷолҷолто Ӯ ҷазои гуноҳҳои тамоми одамонро ба дӯши Худ гирифт ва метавонад ҳамаи онҳоеро, ки ба Ӯ умед мебанданд, аз ҷазои ҷовидонии гуноҳ халос кунад.

Ғайр аз Исо, Писари Худо, ҳеҷ каси дигар ин корро карда наметавонист ва ҳам накардааст.

Дар вақти зода шудани Исо фариштагон эълон карданд:

“Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд НАҶОТДИҲАНДА таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст!” (Инҷили Луқо 2:11).

Китоби Инҷилро хонед, то ки оиди шахсият ва кори Исои Масеҳ бештар фаҳмед! Иди милодатон муборак бод!

Шеър: Равшанӣ омад!

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ