Menu Schließen
“Зеро Худо ҷаҳонро
чунон дӯст дошт…”

Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад”.

(Инҷил, Юҳанно 3:16)

“Ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст”.

(Инҷил, Юҳанно 5:24)

“Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст, агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям”.

(Инҷил, Юҳанно 7:16,17)

“Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои (дарёҳои) оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд”.

 (Инҷил, Юҳанно 7:38)

“Агар шумо дар каломи (сухани) Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд, ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард”.

(Инҷил, Юҳанно 8:31,32)

 “Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам”.

(Инҷил, Юҳанно 14:12 )

“Ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард”.

(Инҷил, Юҳанно 14:13 )

“Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд; зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад”.

(Инҷил, Матто 16:24)

“Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед. Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот хоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд”.

(Инҷил, Марқӯс16:15,16 )

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ