Menu Schließen
Танҳоӣ

Салом!!!

Номи ман Нисо. Ман дар Кӯлоб дар оилаи мусулмон зода шудаам. Падару модарам бо ман ба Душанбе кӯчида омаданд. Хешу табор қариб ҳама дар Кӯлоб буданд, дар ин ҷо танҳо як-ду наздикон буданд. Аз хурдӣ худро ҳамеша танҳо ҳис мекардам. Намедонам барои чӣ. Шиносҳо бисёр доштам, лекин дӯсти наздике надоштам. Дӯстони беҳтарин ба ҳар ҳол бароям падару модарам буданд. Ба онҳо ҳама вақт оиди ҳама чиз нақл мекардам ва ҳамеша кӯшиш мекардам дар ҳама коре ки мекунам, онҳо бо фарзанди худ фахр кунанд. Ва ҳамин тавр низ буд. Дар мактаб толибаи беҳтарин будам, бо баҳои аъло мехондам.

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар саросари кишвар шуда гузашт, бо худ харобиҳои зиёде ба кишвар овард. Барои ҳаёти ман низ. Корхонае ки падарам дар он кор мекард, бо омадани муҷоҳидон баста шуд ва ӯ бекор шуд. Сатҳи зиндагӣ паст шудан мегирифт ва фикри зиндагию рӯзгор сабаби он шуданд, ки падарам ба бемории дил гирифтор шуд. Се бор инсулт шуд. Қариб ӯро аз даст медодем. Модарам маҷбур шуд, ки кори каммуздашро дар боғча партояду ба кори бозор гузарад. Модарам ҳар рӯз саҳар барвақт мебаромаду бегоҳӣ гашта меомад. Барои ман надоштани ҳамсӯҳбат хеле мушкил буд. Дар зиндагиям боз бисёр воқеаҳо рӯй медоданд, аммо касе набуд, ки рози дил намоям.Падарамро барои халадор накардани саломатиаш хавотир кардан намехостам, модарам бошад бо таъмини оила саргардон буд. Мехостам дар байни одамон дӯсте пайдо кунам, аммо аз онҳо танҳо дилхунукӣ ба даст меовардам. Лекин ба ин рафти зиндагӣ тан дода будам. Бисёр серғурур будам. Баъд дӯстони наздикам китобҳо шуданд, ҳама вақт сар хам дар хона ба хондан машғул будам. Аммо ин танҳоиро пур намекард.

Дар 17-солагӣ дар ҷустуҷӯи Худо шудам ва ба намозгузорӣ оғоз намудам.Дар оилаамон ҳеҷ кас пеш намоз намехонд. Хоҳару бародарам низ бо ман ҳамроҳ шуданд. Назди халифа сабақ мегирифтам, то ки хати арабиро барои Қуръон хондан омӯзам, дар моҳи шарифи Рамазон ба таровеҳи занона мерафтам. Бисёр чизҳо дар бораи Худо мешунидам ва мехостам ӯро аз наздик шиносам.

Соли 2005-ум ҳодисае рӯй дод, ки маро тамоман аз ин дунё дилхунук кард. 24-уми сентябр рӯзи шанбе модарам аз касалии сил, ки тақрибан ду сол гирифтори он буд, вафот кард. Вақте ки маргро аз наздикӣ дидам, бисёр дар бораи ба куҷо рафтани одамон фикр мекардам. Намефаҳмидам, наход мақсади ба ин дунё омадани модарам танҳо азоб кашидан буду халос. Аз ин ҳақиқат саркашӣ мекардам, бовар кардан намехостам, ки дар ҳақиқат ин бо ман шуда бошад. Бо Худо дарунакӣ ҷанг мекардам, ки чаро чунин қисматро раво донист. То як муддате аз намоз хондан низ бозмондам. Дар донишгоҳ низ хеле танбал шуда мондам, аз хондан низ дилхунук шудам ва баҳоҳоям низ аъло набуданд. Чунон танҳо ва дилхунук будам, ки зиндагӣ бароям маъно надошт ва оиди худкушӣ низ фикр мекардам. Ва агар бо дӯстони масеҳӣ дар вақташ вонамехӯрдам, шояд ин кор аз дастам меомад. Вақте ки дар донишгоҳ таҳсил мекардам, бо масеҳиён вохӯрдам ва ба лагери масеҳӣ даъват шуда будам. Дар он ҷо дигар донишҷӯён низ зиёд буданд. Барои ман тааҷҷубовараш он буд, ки дар байни масеҳиён тоҷикон низ зиёд буданд. Фикр мекардам: одамон акнун бекор мондаанд, ки дини аҷдодони худро партофта ба дигар дин мегузаранд. Дар назарам ин бемаъно менамуд. Лекин аз байни онҳо якчанд дӯстон пайдо намудам, ки ба ман дар бораи Масеҳ шаҳодат медоданд. Бо оилаҳои масеҳӣ вохӯрдам, ки онҳо аз оилаи мо куллан фарқ мекарданд. Асоси муносибатҳои онҳо муҳаббати Худо буд. Рафторашон ба он чӣ бовар мекарданд, мувофиқат мекард. Ва онҳо боиси он шуданд, ки Навиштаи Покро ба даст овардам. Тақрибан ду сол ба гурӯҳи омӯзиши Каломи Худо (Тавроту Инҷил) мерафтам ва бо Шахсияти Исои Масеҳ аз наздик шинос шудам. Бо дӯстоне ки дар давоми омӯзиш пайдо карда будам, ҳамеша барои якдигар дуо мегуфтем, махсусан барои ҳолати рӯҳонии ман низ. Ин дарсҳо маро рӯҳбаланд мекарданд. Дар донишгоҳ низ омӯзишам беҳтар шудан гирифт ва, шукри Худо, онро бо дипломи аъло хатм намудам. Барои ман ду сол лозим омад, то он ҳақиқатро дарк намоям, ки Масеҳ на барои он ба замин омадааст, то моро аз як дин ба дини дигар дароварад, балки онҳоеро, ки мӯҳтоҷи наҷотанд, наҷот диҳад, барои онҳое ки мӯҳтоҷи бахшоиши Худованд ҳастанд, марҳамат кунад, то касоне ки мисли ман мӯҳтоҷи дилбардорианд ва шикастарӯҳанд, оромӣ ёбанд. Ман шахсан эътироф мекунам, ки гуноҳкорам ва мӯҳтоҷи наҷоти Худо ҳастам, ва Ӯ Писарашро ба ин ҷаҳон фиристод, то ба одамон наҷот бахшад. Ҳоло бошад дар оромию муҳаббати Ӯ хурсандии ман ҳадду канор надорад.

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ