Menu Schließen

 

“АҲДИ НАВ” ё “Инҷил” аз 27 китоби алоҳида иборат аст.

Чор “Инҷил” (юнонӣ, “Хушхабар”) аз Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно оиди ҳаёту таълими Худованд Исои Масеҳ хабар медиҳанд.

Китоби “Аъмоли фиристагон” саршавии масеҳият, яъне паҳншавии Хушхабар ва пайдо шудани калисоҳои масеҳиро дар асри якум, дар бар мегирад.

Номаҳои гуногуни Павлус ва дигар муаллифон таълими Исои Масеҳро мефаҳмонанд ва ба бовардорон чӣ тавр шоистаи Масеҳ зистанро таълим медиҳанд.

Китоби “Ваҳй”, ки муаллифаш фириста Юҳанно мебошад, оиди ҳодисаҳои оянда маълумот медиҳад.

Мо барои шумо аз ҳамаи ин китобҳои Паймони Навин баъзе бобҳоро интихоб кардем ва орзумандем, ки Худо ҳангоми хондани Каломи Худ ба шумо баракати фаровон диҳад!

(Барои хондани матн бояд сарлавҳаи китобро зер кард.)

Инҷили Матто: Исои Масеҳро чун Подшоҳи яҳудиён муаррифӣ мекунад. Аз ин сабаб Матто ба насабномаи Ӯ, ба омадани меҳмонони пуршараф аз шарқ ва ба “эъломияи шоҳонаи Ӯ” дар Мавъиза дар болои кӯҳ аҳамияти махсус медод ва ба мо нақл мекунад.

Инҷили Марқӯс: Агарчи “Марқӯс” Инҷили кӯтоҳтарин мебошад, он ҳаёти Исои Масеҳро ба таври хеле чуқур ва таъсирбахш тасвир медиҳад. Мо дар он бо Масеҳ чун хизматгори Худо ва Наҷоткори одамизод рӯ ба рӯ мешавем.

Дар Инҷили Луқо: Исои Масеҳ чун “Писари Одам” — яъне чун одами дорои қуввати илоҳӣ — тасвир меёбад. Бинобар ин қудрати Ӯ дар озмоиш, дар таълим, дар шифо додан ва дигар мӯъҷизаҳо нишон дода мешавад. Худованд Исо ба мардум чӣ тавр Ӯро пайравӣ карданро мефаҳмонад ва бо масалҳо оиди меҳру муҳаббати монданашавандаи Худо таълим медиҳад.

Инҷили Юҳанно: Суханони “Дар ибтидо Калом буд… ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад…” худи аввали Китоби Муқаддасро “Худо гуфт… ва шуд” ба хотир меоваранд. Пас, дар Инҷили Юҳанно Худи Офаридгореро мебинем, ки одам (“ҷисм”) шуда, аз ҷониби офаридаи Худ рад карда шуда, кушта мешавад. Вале бо ин кор нақшаи аҷоиби наҷот барои ҳамаи бовардорон иҷро мешавад. Худатон бубинед…

 

Аз китоби “Амалҳои расулон”: Паҳншавии масеҳият аз Ерусалим ба Осиёи Сағир ва ба Аврупо. Таъсис ёфтан ва ҳаёти калисоҳои аввалин. Тавбаи Шоули таъқибкунанда. Кори миссионерии Павлус дар Атино ва дар Рум.

Номаи фириста Павлус ба Румиён: Гуноҳи одамизод ва доварии дарпешистодаи Худо; Одам чӣ гуна аз гуноҳ ва ҷазои гуноҳ наҷот ёфта метавонад; Иброҳим чун падари ҳамаи бовардорон; Ҳаёти масеҳиёна.

Ваҳйи Исои Масеҳ китоби ошкоркунии нақшаҳои ояндаи Худо мебошад. Агарчи на ҳама чиз дар ин китоб возеҳу равшан ва фаҳмо аст, Худо моро рӯҳбаланд мекунад, ки онро хонем ва ба Ӯ итоат кунем: “Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин пайғамбариро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст”. (Ваҳй 1:3)

Худованд Исои Масеҳ ба шумо баракат диҳад!

 

Тарҷумон: Мордехай бен-Ҳиё Б.:

Ҳамаи китобҳои Инҷил:

Китобҳои таърихӣ:

1

 Матто

2

 Марқӯс

3

 Луқо

4

 Юҳанно

5

 Аъмол

Мактубҳои дигарон:

6

 Яъқуб

7

 1 Петрус

8

 2 Петрус

9

 1 Юҳанно

10

 2 Юҳанно

11

 3 Юҳанно

12

 Яҳудо

Мактубҳои Павлус:

13

 Румиён

14

 1 Қӯринтиён

15

 2 Қӯринтиён

16

 Ғалотиён

17

 Эфсӯсиён

18

 Филиппиён

19

 Қӯлассиён

20

 1 Таслӯникиён

21

 2 Таслӯникиён

22

 1 Тимотиюс

23

 2 Тимотиюс

24

 Титус

25

 Филемӯн

26

 Ибриён

 

27

 Ваҳй

 

Тарҷумон: Сангин К.:

Ҳамаи китобҳои Инҷил:

Китобҳои таърихӣ:

1

 Матто

2

 Марқӯс

3

 Луқо

4

 Юҳанно

5

 Амалҳо

Мактубҳои Павлус:

 6

 Румиён

7

 1 Қуринтиён

8

 2 Қуринтиён

9

 Ғалотиён

10

 Эфесусиён

11

 Филиппиён

12

 Кулассиён

13

 1 Тасолуникиён

14

 2 Тасолуникиён

15

 1 Тимотиюс

16

 2 Тимотиюс

17

 Титус

18

 Филемӯн

19

 Ибриён

Мактубҳои дигарон:

20

 Яъқуб

21

 1 Петрус

22

 2 Петрус

23

 1 Юҳанно

24

 2 Юҳанно

25

 3 Юҳанно

26

 Яҳудо

 

27

 Ваҳй

Scroll Up