Menu Schließen
Чӣ бояд кард?

Эҳтимол Шумо фаҳмида бошед, ки Шумо одами гуноҳкору аз Худо дур ҳастед. Оё Шумо мехоҳед ба назди Худо омада зиндагии навро оғоз кунед?

Бидонед: ГУНОҲ инсонро аз Худо ҷудо мекунад. Ва ҳеҷ кас бо корҳои худ дар пеши Худо сафед шуда наметавонад.

Ягона роҳ ҳамин аст:

”Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт!” (Инҷил, Аъмол 16:31)

Ба Исои Масеҳ имон овардан чӣ маъно дорад?

Бовари ҳақиқӣ ҳамин маъно дорад, ки Исои Масеҳро ҳамчун Писари Худо қабул кунед, ки ба ин замин омад, барои гуноҳи одам мурд ва аз нав зинда шуд. Исои Масеҳ бегуноҳ буда, ба ҷои гуноҳкорон мурд. Танҳо ХУНИ Исои Масеҳ метавонад Шуморо аз гуноҳҳоятон сафед кунад.

Ба ин умед баста, ба пеши Худо биёеду дар дуо бо суханони худ гуноҳҳоятонро эътироф кунед. Зиндагии худро ба Исои Масеҳ супоред. Худо дилатонро мебинад ва фикру ақидаҳоятонро медонад. Ӯ ба дуоятон ҷавоб хоҳад дод!

”Ба онҳое ки Ӯро (Исои Масеҳро) қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд”. (Инҷили Юҳанно 1:12)

Навиштаи Покро (Инҷил, Таврот, Забур) хонед, то ки дар бораи Худо, Исои Масеҳ ва зиндагии масеҳӣ бештар фаҳмед!

Ҳамчун PDF

як лаҳза интизор шавед

Мақоларо ҳамчун PDF тамошо кардан

ТАМОШО

Мақоларо ҳамчун PDF боргирӣ кардан

БОРГИРӢ